logo

сафарҳо

Сафари кории Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ

Субҳи 30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ аз ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ дидан кард.
Нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор дар маросими ифтитоҳи мактаби нави рақами 24 ширкат варзид. Мактаб  дуошёна буда, барои 1248 хонанда дар ду баст бунёд карда шудааст. Сохтмони бинои он ҳанӯз дар соли 1989 оғоз ёфта, бо сабабҳои маълум рафти корҳо хобонда шуда буд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба анҷом расонидани он беш аз 7 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Баъди маросими ба истифода додани мактаби нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон, толибилмон ва сокинон сӯҳбати озоду самимӣ доир намуд.
Ҳамчунин Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз мактаби таҳсилоти умумии № 123 дидан карда, ба оғози он расман иҷозат дод.
Мактаб дар деҳаи Меҳробод воқеъ буда, аз се бинои таълимӣ, 16 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои лингафонӣ, компютерӣ, мусиқӣ, ҳуҷраҳои  маъмурӣ, китобхона, толори варзишӣ бо тамоми таҷҳизоташ, ошхона ва толори маҷлисҳо иборат мебошад.
Дар мактаби мазкур дар ду баст 928 хонанда таълим мегирад.
(Гузориши муфассал аз сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ дар шумораи ояндаи рӯзнома дарҷ карда мешавад).

Хабарнигори “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2048
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед