номаҳо
Наход саломатии миллатро зери хатар баранд?
Одитарин доруҳоро ҳам ба Тоҷикистон аз дигар кишварҳо – маъмулан аз Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон – ворид месозанд. Гузашта аз ин, чун ба таърихи истеҳсол ва мӯҳлати истеъмоли доруҳои ба тозагӣ воридшуда назар меандозем, дар аксари мавридҳо мебинем, ки аз, масалан, се-чор соли мӯҳлати истифода ҳамагӣ чанд моҳе боқӣ мондааст.
То ҷое, ки огаҳӣ дорам, дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар Русия, доруҳои мӯҳлати истифодаашон қариб анҷомёфтаро иҷозати фурӯш намедиҳанд. Бар илова соҳибони чунин доруҳо вазифадоранд ҳатто маблағи калон сарф карда, онҳоро нобуд созанд. Дар ҳолатҳои мазкур табиист, ки омодаанд барои аз молҳои дарди сар халос шудан онҳоро хеле арзон ё ҳатто бепул бидиҳанд.
Худоё, наход доруҳои воридотии гароннархи мо аз ин қабил бошанд? Наход соҳибкорони тоҷик барои манфиати хеш саломатии миллатро зери хатар баранд?
С. АНВАРОВА, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3283