номаҳо
Дасти ёрӣ сӯям дароз кунед
Як сол пештар ман ба воситаи нома аз ҳама шахсони ғамхору некдил барои ҷарроҳӣ намудани пойҳоям ёрӣ пурсида будам. Маро ноумед нагузоштанд, ба номам маблағ фиристоданд, аммо он барои ҷарроҳӣ дар шаҳри Маскав кифоят намекард. Худовандро шукр мегӯям ва аз Сарвари давлату шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии шаҳри Душанбе изҳори сипос менамоям, ки бо ёрии онҳо ба по хестам. Инак, 6 моҳ аст, ки таксиеро ба иҷора гирифтаам ва рӯзамро мегузаронам. Аммо бо ёрии асобағал кору зиндагӣ бисёр душвор аст. Пойҳои бениҳоят борикам қудрати бардоштани ҷисми маро надоранд. Модар ва хоҳару бародари хурдам дар рӯзгор ба мадади мани маъюб расида наметавонанд. Аз ин рӯ зарур шумурдам, ки ҳатман поямро дар шаҳри Маскав ҷарроҳӣ намоям. Ва ин бор дар моҳи шарифи Рамазон ёрӣ мепурсам. Яъне агар аз ҳисоби фитри рӯза ба ман ёрӣ расонанд, ба мақсаде, ки дорам, мерасам. Медонам, подоши онро ба шумо, ононе, ки дасти мадад дароз мекунед, ҳатман Худованди Кариму Раҳим медиҳад.
Хоҳиш дорам, ки маблағро
ба суратҳисоби зерин фиристед:
ҶСК «Агроинвестбонк»,
МФО 350101403
К/СЧ 20402972714031
ИНН/банка 04 000 00 53
Р/счёт 20216972014032310125
Л/счёт 13821
Маҳмудов Ҷамшед Файзуллоевич
Пешакӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар ин кори хайр саҳм мегиранд, изҳори сипос менамоям.
Ҷ. МАҲМУДОВ,
ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 269/2 ҳ.6
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3444