номаҳо
Аз Давлат Зоиров
миннатдорам
Бисту панҷ сол боз маъюбам. Шукр, ки фарзандонам парасториям мекунанд ва намегузоранд хору зор бишавам. Ду сол пеш боз бар асари садамаи нақлиётӣ дар беморхона табобат гирифтам. Пойи шикастаамро се бор ҷарроҳӣ намуданд. Ҳамин тавр, аз соли 2008 сахт ранҷ мекашам. Дӯстону наздиконам дар ин муддат борҳо дасти ёрӣ ба сӯям дароз карданд ва тасаллоям бахшиданд, то танҳоиро эҳсос нанамоям. Яке аз ин мардони саховатпеша Давлат Зоиров мебошад, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат дорад. Ҳангоми шиносоӣ ба ман рақами телефонашро дода буд. Аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешудем. Вақте дарёфт, ки дар садамаи нақлиётӣ боз маҷрӯҳ гардидам, чун кӯмак бароям 30 халта ангишт фиристод. Аз ӯ хеле миннатдор шудам. Бо изҳори сипос ба даргоҳи Худованд илтиҷо намудам, ки тандуруст бошаду давлаташ зиёда гардад.
Исфандиёр САФАРОВ,
маъюби гурӯҳи якум,
сокини деҳаи Хамисеби
ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3391