номаҳо
Соҳибҷоизаҳо ба
муаррифии бештару
беҳтар ниёз доранд
Чанде пеш як зумра адибон, адабиётшиносон ва аҳли ҳунари кишвар барандагони Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардиданд. Мо ин муждаро аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» хондем. Хуб мебуд, агар он асарҳои онҳо, ки мушарраф ба ҷоизаи олии ҳунарӣ шудаанд, дастраси хонанда мегардиданд. Нашри асарҳои бунёдии «Низомӣ ва Хоқонӣ», «Зайниддин Восифӣ» ва «Дарвеши Деҳакӣ»-и шарқшиноси маъруф, шодравон Александр Болдирев барои худшиносӣ ва ифтихор аз ватандорӣ бисёр муҳим аст. Дархости дигари мо ин аст, ки сӯҳбати барандагони ҷоиза -Доро Наҷот, Мирзоватан Миров, Миралӣ Достиев, Сӯҳроб Қурбонов ва Соҳиб Табаровро барои муаррифии бештару беҳтар дар саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои телевизиону радио ташкил намоянд. Агар вохӯрии онҳоро ба аҳли адабу ҳунар ва дигар қишри ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мекарданд, нуран ало нур мешуд.
Қ. АМИРХОНОВ, Қ. АЙНИДДИНОВ,
Н. РАҲИМОВ, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3268