номаҳо
Ин масъаларо «Розу ниёз» ба миён гузошта буд
Ба хотир дорам, ки соле пештар гӯшаи «Розу ниёз» дар мавриди набудани лагери истироҳатии бачагони кару гунг масъала гузошта буд. Чунин лагер дар ноҳияи Рӯдакӣ имсол бори аввал таъсис ёфт ва як гурӯҳ дар лагер истироҳат карданд. Дар ин ҷо барои фароғати кӯдакон шароити хубро фароҳам оварданд. Кормандон кӯшиш карданд, ки бо ташкили бозиҳои шавқовар, сайру гашт, тамошои ҷойҳои таърихӣ ва хӯрокҳои болаззат таътили истироҳаткунандагон хушу хотирмон гузарад.
С. АБДУЛЛОЕВ,
ноҳияи Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3369