номаҳо
Ин пешниҳодро мепазиранд
Барои навиштани кори илмиам китобҳои зиёдеро мутолиа кардам. Аз ҷумла яке аз китобҳои адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Соҳиб Табаровро, ки охири солҳои 40-уми асри гузашта ба табъ расида буд, бояд мутолиа менамудам. Ба ин хотир ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ омадам. Розӣ шудам, ки он нусхаи ягонаро дар ҳузури кормандони китобхона нусхабардорӣ намоям. Китобро гирифтам. Аммо ҳолати он хароб буд. Чандин саҳифаи он бурида, зери сатрҳои зиёдаш хат кашида шуда буд. Албатта, ин маҳсули дасти хонандагони бемаърифату дур аз фаросатанд. Шояд баъзе аз нусхаҳои қадимаву ягонаи китобҳои дигар низ дар ҳамин ҳолат қарор доранд? Рӯйхати чунин китобҳоро лозим аст, ки дар матбуоти даврӣ ба табъ расонем ва аз мардум хоҳиш намоем дар барқарор кардани онҳо ба хотири миллат саҳм бигиранд. Фикр мекунам, ки ин пешниҳодро мепазиранд.
Н. РАҶАБОВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3447