мулоқотҳо
Мавзӯи марказии сӯҳбат сулҳу субот дар Афғонистон буд
1 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бо назардошти имкону захираҳои васеи истифоданашуда густариши ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахшро матлуб арзёбӣ намуданд.
Қаноатмандӣ бештар аз ҳамкорӣ баҳри таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии нерӯҳои марзбону дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон зоҳир карда шуд.
Роҳҳои барқарорсозии сулҳу осоиш ва амнияту субот дар Афғонистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Дар ин замина ҳар ду ҷониб омодагии худро баҳри густариши ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия чун омили муҳими мусоидат ба эътидолу низом дар Афғонистон таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2016