мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Тоддӣ Шнайдер
14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави бахши Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Тоддӣ Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили татбиқи амалии барномаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ дар нимсолаи якум ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон ва соли 2011 баррасӣ шуданд.
Аз афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки бо вуҷуди идомаи таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои номатлуби берунӣ дар 8 моҳи соли равон 6,1% - ро ташкил додааст ва дар сатҳи 4,8% нигоҳ дошта шудани таваррум изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ба гуфти Тоддӣ Шнайдер, «нишондодҳои макроиқтисодии имсолаи Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки кишвар тадриҷан аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ берун шуда истодааст».
Ҳар ду ҷониб омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2024