қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 сентябри соли 2010, ш. Душанбе, № 459
Дар бораи таҷдиди сохторию идории
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1) Нақшаи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо тартиби муқарраргардида якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси Нақшаи мазкур тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳидшавии институтҳои Академияро ба расмият дарорад;
- бо дарназардошти таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сохтор ва Нақшаи идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2676