т/р
|
Чорабиниҳо
|
Иҷрокунанда
|
Масъул
|
1
|
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директорони институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
2
|
Бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намудани номзадҳо барои интихоби аъзои пайваста ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
3
|
Ихтисор намудани шумораи аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 9 нафар ва воҳидҳои кории Дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 70 то 50 нафар
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
4
|
Вогузор намудани вазифаи академикҳо-котибони Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника, Шӯъбаи илмҳои биология ва тиб, Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
5
|
Муттаҳид кардани Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд Институти геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ намудан
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
6
|
Муттаҳид кардани Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ намудан
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
7
|
Муттаҳид кардани Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ намудан
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
8
|
Муттаҳид кардани Институти демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ намудан
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
9
|
Муттаҳид кардани Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ намудан
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
10
|
Муттаҳид кардани Осорхонаи «Саразм», Осорхонаи мамнӯъгоҳи шаҳри Панҷакент ва Пойгоҳи бостоншиносии шаҳри Панҷакент, ки ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
11
|
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, №372 «Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ба роҳ мондани ҳамкории қавии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор мутобиқи қарордод
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
12
|
Бо дарназардошти ихтисороти сохторӣ дар назди Академияи илмҳо таъсис додани Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав бо мақсади гузариш ба роҳи инноватсионии илм, татбиқи технологияҳои нав дар истеҳсолот, ҷустуҷӯйи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузории коркардҳои илмӣ, таҳияи равияҳои афзалиятноки рушди илм
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
13
|
Бо мақсади ҳифзи сирри натиҷагирии мавзӯъҳои илмию таҳқиқотӣ, истифодаи он дар истеҳсолот ва нигоҳ доштани хусусияти миллии илмҳои гуманитарӣ дар сохтори Академияи илмҳо таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ ва додани унвонҳо
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
14
|
Тайёр намудани кадрҳои илмии ҷавобгӯйи талаботи замони муосир мутобиқ ба ҷаҳонишавии зинаҳои таҳсилот ва дараҷаю унвонҳои илмӣ, аз ҷумла, магистр ва доктор (PhD) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо интихоби муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии такягоҳӣ
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
15
|
Аз нав таҷдиди назар намудани музди меҳнати кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаю ташкилотҳои дахлдори он
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаҳои илм ва маориф, молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
16
|
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор
|
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|