мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оғохони IV
5 ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт аз мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Шоҳзода Карим Оғохони IV - ро бори дигар дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбат оид ба натиҷаҳои сафари Шоҳзода Карим Оғохони IV ба пойтахт ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гуфтугӯ сурат гирифт.
Шоҳзода Карим Оғохони IV аз пазироии хуши роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин аз натиҷаҳои сафари худ ба кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карда, ба Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри таваҷҷӯҳи хосааш арзи сипос намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони IV барои кӯмакҳои то имрӯз ба Тоҷикистон расонда ва нақшаҳои судманди ояндааш арзи сипосу миннатдорӣ кард.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.
Бо риояи расми накӯи меҳмоннавозии тоҷикон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони IV қабл аз парвози ӯ аз сарзамини Тоҷикистон ҷомаи миллӣ пӯшонд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8487