суханрониҳо
Суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани агрегати сеюми НБО «Сангтӯда-1»
Нерӯгоҳ вазъи таъмини барқро беҳтар менамояд
Ҳамватанони азиз!
Сохтмончиёни гиромӣ!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар давоми даҳ моҳи охир бори сеюм аст, ки мову шумо ба муносибати ба истифода додани агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ҷамъ омада, онро ҳамчун рӯйдоди фараҳбахш арзёбӣ менамоем. Дар шароити Тоҷикистон, ки чандин сол инҷониб бо сабаби нарасидани қувваи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба душвориву мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегардад, ҳар иқдоме, ки дар роҳи таъмини ниёзҳои энергетикии кишвар сурат мегирад, воқеан хеле муҳим аст. Боиси хурсандист, ки агрегати сеюми нерӯгоҳ дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳамчун армуғони идона ба мардуми кишварамон пешниҳод мегардад. Бо камоли қаноатмандӣ аз таҳкими муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, ки бо дарки амиқи мушкилоти энергетикии кишварамон аввалин шуда, барои бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дасти мадад дароз намуд ва ҷиҳати ҳарчи зудтар сохта ба истифода додани он ҳаматарафа кӯшиш ва мусоидат карда истодааст, инчунин аз заҳмати ватандӯстонаи бунёдгарони нерӯгоҳ, яъне кормандони муҳандисиву техникӣ ва сохтмончиёни тоҷику рус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми нерӯгоҳро ба ҳамаи шумо ва кулли мардуми Тоҷикистон муборакбод мегӯям. Бояд зикр кард, ки сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳанӯз дар замони собиқ шӯравӣ оғоз гардида, бинобар сабабҳои ба ҳама маълум якчанд сол қатъ гашта буд. Хушбахтона, баъди ба имзо расидани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба тартиб ва қоидаҳои саҳмгузорӣ дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бунёди он аз нав шурӯъ гардид. Тавре ки қаблан ҳам таъкид карда будам, сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бузургтарин лоиҳаи инвеститсионӣ мебошад, ки бо иштироки Федератсияи Русия ва ширкатҳои он амалӣ мешавад. Ин далели ҳамкории густурдаи шарикони табиӣ ва воқеан стратегӣ мебошад. Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, ба Ҳукумати Федератсияи Русия, ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳои пудратӣ, аз ҷумла корхонаҳои «Силовые машины», «Гидросталь», «ЧиркейГЭСстрой», «Зарубежводстрой», «Загранэнергостроймонтаж», «Трест Гидромонтаж» ва тамоми сохтмончиёни тоҷик барои иштирок ва саҳми бузургашон дар сохтмони нерӯгоҳ аз номи кулли мардуми Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.Таъкид намудан бамаврид аст, ки маҳз бо азму талошҳои созандагии шумо, сохтмончиёни азиз, дар давраи ниҳоят мушкили Тоҷикистон, ки дар айёми сардии шадиди зимистони имсола ба бӯҳрони энергетикӣ дучор гардида буд, агрегати аввалини нерӯгоҳи мазкур ба истифода дода шуда буд.
Аз 20 январи соли ҷорӣ то имрӯз дар нерӯгоҳ қариб 750 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол гардид, ки дар натиҷа шиддати норасоии он то андозае паст шуд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюм истифодаи бонизом ва самарабахши захираҳои обӣ ва таъмини эътимоднокии системаи энергетикии кишвари мо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. Мувофиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба 670 мегаватт баробар аст. Баъди ба кор дароварда шудани агрегати чорум, ки дар охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, истеҳсоли солонаи барқ дар нерӯгоҳ ба 2 миллиарду 700 миллион киловатт-соат расонида хоҳад шуд. Дар баробари ин, мехоҳам ба таваҷҷӯҳи мардуми шарифи Тоҷикистон расонам, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ нерӯи барқ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар як шабонарӯз сесоатӣ ва дар се моҳи зимистон, яъне декабр, январ ва феврал чорсоатӣ зиёд дода мешавад. Илова бар ин, нерӯи барқ ба пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва дигар шаҳрҳое, ки хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ доранд, бе маҳдудият дода хоҳад шуд. Ҳамчунин ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат менамоям, ки онҳо истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқу газро ба одати ҳаррӯзаи худ табдил дода, ҳаққи истифодаи газу барқро сари вақт пардохт намоянд. Зеро, чунон ки ҳама медонанд, мо танҳо дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳар шабонарӯз аз Ҷумҳурии Туркманистон 8 миллион киловатт ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон як миллион киловатт - соат нерӯи барқ мехарем. Инчунин газ низ барои мо асосан маҳсулоти воридотӣ мебошад. Дар сурати пурра мавриди истифода қарор додани иқтидори нерӯгоҳ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мо имкон пайдо менамоем, ки зиёда аз як миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кунем ва вазъи таъминоти барқро дар кишвар беҳтар сохта, аз се як ҳиссаи норасоии онро бартараф созем. Илова бар ин, татбиқи лоиҳаи мазкур собит менамояд, ки сармоягузории иншооти бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон бартарӣ ва афзалияти бештар дорад. Зеро манфиати иқтисодии иншооти гидроэнергетикӣ хеле бузург аст ва ҳамзамон бо ин, Ҳукумати кишвар барои сармоягузории ватаниву хориҷӣ фазои мусоидро фароҳам овардааст. Бо дарназардошти торафт коҳиш ёфтани захираҳои ҷаҳонии нафту газ ва пешгӯии коршиносони ҷаҳон, ки то соли 2025-ум аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дучори камобӣ мегардад, мехоҳам зикр намоям, ки кишвари мо бо роҳи амалӣ сохтани лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика метавонад давлатҳои ҳамсояро бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ бехатар ва нисбатан арзон таъмин намуда, истифодаи бонизому самарабахши захираҳои обро ба манфиати онҳо низ ба роҳ монад. Нигаронӣ дар хусуси он, ки бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба бадшавии системаи экологӣ ва камшавии ҷараёни об дар дарёҳо мерасонад, беасос мебошад, чунки нерӯгоҳҳои барқии обӣ обро аз маҷрои асосӣ намегиранд, бар хилофи обёрикунӣ, ки 80-85 фоизи захираҳои обиро ба таври бебозгашт истеъмол мекунад. Дар ин робита бори дигар таъкид месозам, ки бунёди иншооти обию энергетикӣ болои дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобу обхезиҳои эҳтимолии дар ҷараёни миёна ва поёнобӣ Амударё ба вуқӯъ оянда табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳанд, ки обёрии саҳроҳои аллакай истифодашаванда ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Далели гуфтаҳои боло ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ ва олимони аврупоии машҳур анҷомдода мебошанд. Аз ин рӯ бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори захираҳои он зиёда аз 527 миллиард киловатт–соат мебошад, ки ба 70 фоизи нерӯи гидроэнергетикии Осиёи Миёна баробар аст. Аммо, чунон ки ҳамаи шумо медонед, имрӯз танҳо 3-4 фоизи он истифода мегардад. Ба манфиати ҳамаи мардуми минтақа мавриди истифода қарор додани чунин захираи бузурги табиӣ ва имконияти мусоид амали савоб аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обиро самти муҳими фаъолияти худ медонад. Дар ин замина ҳоло дар кишвар сохтмони нерӯгоҳҳои дигар, аз ҷумла Роғун ва «Сангтӯда-2» низ идома дорад. Ҳоло барои бунёди онҳо баъзе корхонаву ташкилотҳои ватаниву хориҷие, ки дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» иштирок доштанд, сафарбар гардидаанд. Гузашта аз ин, имрӯзҳо аз ҷониби мутахассисони ватаниву хориҷӣ лоиҳаи бунёди якчанд нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар мавриди омӯзиш қарор доранд, ки дар ояндаи наздик ба бунёди онҳо низ шурӯъ хоҳем кард. Сохтмончиёни гиромӣ! Меҳнати фидокоронаи шумо, сохтмончиён, аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат аст, зеро шумо дар баробари бунёди нерӯгоҳ ва ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистон, инчунин дар таҳкими робитаҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар саҳми бузург мегузоред. Итминони комил дорам, ки суръати баланди сохтмони нерӯгоҳ минбаъд низ идома ёфта, агрегати чоруми он ҳам пеш аз мӯҳлат ба истифода дода хоҳад шуд.Имрӯз аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шумо, бунёдгарони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро баъди пурра анҷом ёфтани коратон ба сохтмони иншоотҳои дигари энергетикии мамлакат даъват менамоям.Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ба истифода додани агрегати сеюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки намунаи ибратбахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия буда, дар таърихи муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар саҳифаи наверо оғоз намуд, табрику таҳният мегӯям. Дар ин самт ба ҳамаи шумо барори кор, тандурустӣ, сарбаландӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.
Ташаккур!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5476