мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Холид ал-Атийяро ба ҳузур пазируфт
17 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири Давлати Қатар доир ба масоили байналмилалӣ Холид ал-Атийяро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Давҳа – пойтахти Қатар дар ҳузури сарони ду давлат ба имзо расида буданд, баррасӣ шуданд.
Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «Қатар аз давлатҳоест, ки ба масоили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва густариши ҳамкории иқтисодӣ бо кишвари мо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудааст. Аз ин хотир мо ба муносибатҳои дӯстию ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба назари накӯ дорем».
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили лоиҳакашӣ ва бунёди Масҷиди ҷомеи Душанбе, ки калонтарин дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳад буд ва шаҳраки муосири Диёри Душанбе дар пойтахти кишвари мо зоҳир карда шуд.
Дар Масҷиди ҷомеи Душанбе, бо назардошти пешниҳодоти иловагии Сарвари давлат, барои 105 ҳазор нафар намозгузор ҷой мешавад, 25 ҳазор дар дохили бинои масҷид ва 80 ҳазор дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи он. Шаҳраки муосири Диёри Душанбе бошад, иборат аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои савдо ва мавзеъҳои фароғат ва сайругашти оммавӣ хоҳад буд.
Интизор меравад, ки барои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо дар дурнамои миёнамӯҳлати ҳамкорӣ аз ҷониби Давлати Қатар дар Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво тезондани татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Қатар зарур шумурда шуд.
х х х
-Дар мулоқот бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар, бахусус дар соҳаи иқтисодиёт дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Мо ба Ҷаноби Президент консепсияи мушаххаси сармоягузории имтиёзноки Давлати Қатарро ба иқтисодиёти Тоҷикистон пешниҳод намудем.
Дар ин бора Холид ал- Атийя, вазири масоили байналмилалии Давлати Қатар, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод. Ба гуфти вазир нақшаи генералии лоиҳаи «Диёри Душанбе», ки бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои савдо, тиббию солимгардонӣ ва дигар иншооти муҳимро дар бар гирифтааст, аз ҷониби Сарвари давлат бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Ширкати қатарии «Қатарӣ Диёр» дар наздиктарин фурсат ба бунёди тарҳи мазкур шурӯъ хоҳад кард.
Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар иброз дошт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин масъалаи бунёди масҷиди замонавӣ дар шаҳри Душанбе матраҳ гардид. Ҷаноби Президент барои комилтар гардидани ин лоиҳа андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодҳои мушаххас баён доштанд ва мо онҳоро бо хушнудӣ қабул кардем.
-Масҷиди замонавӣ ғунҷоиши беш аз 105 ҳазор нафарро дошта, дар он дар як вақт 25 ҳазор нафар дар дохил ва 80 ҳазор нафар берун аз он метавонад намоз гузорад,- гуфт Холид ал- Атийя, вазири ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2026