сафарҳо
Сафари Президенти Тоҷикистон ба Нию- Йорк
18 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар кори Иҷлосияи 65 - уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Нию-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев ҳамроҳӣ доранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1958