барқияҳо
Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 ноябр ба Президенти интихобшудаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама барқияи шодбош фиристода, ӯро ба муносибати ба ин мансаби олӣ интихоб шуданаш табрик кард.
«Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо ИМА баҳои баланд дода, -гуфта мешавад дар барқия,- ба рушди пойдор, ҳамешагӣ ва самарабахши ин муносибатҳо манфиатдор аст. Мо барои тавсеаву густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои ду давлат барои ғояҳои олии амният, устуворӣ ва инкишоф раъйи қатъӣ хоҳем дошт.
Ба Шумо, ҷаноби Обама, саломатию муваффақият ва ба халқи ИМА амонию шукуфоӣ таманно дорам.»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 9554