мулоқотҳо
Ҳамкориҳои Тоҷикистону
Хорватия густариш мехоҳанд
20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи Иҷлосияи 65 -уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Хорватия Иво Йосипович мулоқот намуд.
-Мо барои таҳкиму тақвияти равобити дӯстонаву ҳамкории мутақобилан судманд бо Хорватия манфиатдорем, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Хорватия Иво Йосипович низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.
Ҳар ду ҷониб таъкид доштанд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Хорватия дорои нерӯи бузурги истифоданашуда мебошад.
Ҳавасмандии зиёд ба тавсиаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва робитаҳо миёни соҳибкорони ду кишвар, зоҳир гардид. Таъкид гашт, ки бо назардошти афзоиши пайвастаи талабот ба нерӯи барқ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ташкили шароити содироти он басо судовар аст.
Барои такмили заминаи ҳуқуқӣ-қарордодии ҳамкории дуҷониба ба имзо расондани як зумра санадҳои нав, ки аллакай таҳия ва пешниҳод гаштаанд, зарур шумурда шуд.
Ҳар ду ҷониб ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва дигар самтҳои фаъолият изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1915