мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Акмалиддин Эҳсоноғлу
22 сентябр дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.
-Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони конфронси исломӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ намуда, ҷонибдори тавсеаи робитаҳо бо ҳама кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз мебошад», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар шаҳри Душанбе баргузор гаштани Ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ, ки рӯзҳои 18-20 майи соли 2010 ҷараён гирифта буд, пеш аз ҳама, “шаҳодати таваҷҷӯҳи афзояндаи ин созмон ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва таъкидгари нақши фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа дар таърихи дини мубини ислом” маънидод гардид.
Таъкид карда шуд, ки “Созмони конфронси исломӣ метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар миёни кишварҳои мусулмонӣ, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор, нақши хеле муҳим ва муассир дошта бошад”.
Таъсиси Фонди ҳамбастагии исломӣ бо сармояи 10 миллиард доллари ИМА ва Идораи махсус оид ба кӯмакҳои башардӯстона дар ҳолатҳои фавқулодда аз намунаҳои мушаххаси иқдомҳои амалӣ арзёбӣ карда шуд.
Биноан сармоягузории Бонки исломии рушд дар самтҳои афзалиятнок ва стратегӣ – энергетика, зербинои истеҳсолӣ, техникию технологӣ ва таъминотӣ, иттилоот ва коммуникатсия, саноат, обрасонӣ ва туризм чун омили пешрафт ва тақвияти нерӯи умумии кишварҳои мусулмонӣ зарур шумурда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1835