мулоқотҳо
Таваҷҷӯҳ ба бунёди пул дар мавзеи Кокул
24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон Ричард Ҳолбрук мулоқоти судманд анҷом дод. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.
Ҷониби Амрико ба масъалаи бунёди пули нави мошингузар миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки ин воситаи хуби навбатӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва интиқоли борҳои ғайринизомии нерӯҳои эътилофӣ ба Афғонистон хоҳад буд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба дастгирии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми Афғонистон чун роҳи асосии барқарорсозии оромию субот дар мамлакат зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадаф густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон зарур аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1947