номаҳо
ТЕМУРМАЛИК: БАРГУЗОРИИ ҶАШНУ МАЪРАКАҲО БА НИЗОМИ МУАЙЯН ДАРОМАД
Дар робита ба мақолаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки 11 марти соли 2010, № 31-32 таҳти унвони «Ҳанӯз ҳам норасоиҳо ба назар мерасанд» чоп шуда буд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик иттилоъ медиҳад, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои дар мақола дарҷгардида корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд.
Аз ҷумла барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои таблиғотӣ созмон ёфта, аъзои онҳо мунтазам бо аҳолӣ вохӯрию сӯҳбатҳо доир менамоянд. Инчунин баъди санҷиши гузаронидаи кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова дар ноҳия дар назди 2 хоҷагии деҳқонӣ, 1 кумитаи маҳалла ва 7 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ 10 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Айни ҳол дар ноҳия 8 комиссияи доимӣ, 1 комиссияи ноҳиявӣ, 7 комиссия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 103 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият дорад.
Бо мақсади беҳтар кардани фаъолияти комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ намунаи ҳуҷҷатгузорӣ мураттаб гардида, дастраси ҳамаи комиссияҳои дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолиятдошта гардонида шуд. Дар натиҷа корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, ҳисоботдиҳии комиссияҳои ҷамъиятӣ ба комиссияҳои доимӣ ва назоратӣ беҳтар гашта, баргузории ҷашну маросимҳо аз тарафи комиссияҳои ҷамъиятӣ ба низоми муайян даромад. Вақтҳои охир забҳи чорво хеле кам гардида, 50 дарсади маъракаҳо бо гӯшти харида гузаронида мешаванд.
Соли 2010 2 қонуншиканӣ муайян шуда, аз тарафи судҳо баррасӣ гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври зарурӣ таъмин гардад.
М. ШУКУРОВА,
раиси ноҳияи Темурмалик
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3709