номаҳо
Камбудиҳо бартараф мешаванд
Дар шумораи 12 августи соли 2010-и рӯзнома матлаби саривақтии хабарнигори «Ҷумҳурият» Т. Солеҳзода зери унвони «Чаро паси дари САҲШ серодам аст?» ба нашр расидааст.
Дар ҳақиқат имрӯзҳо шумораи нафароне, ки ба шӯъбаи САҲШ муроҷиат менамоянд, бамаротиб афзудааст. Ва аксари онҳо ба хотири ворид намудани тағйирот ба ному насаб ба мо муроҷиат менамоянд. Кормандони шӯъба дар навбати худ тибқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» мушкилоти шаҳрвандонро то ҷойи имкон осон мегардонанд.
Бояд таъкид намоям, ки муроҷиати шаҳрвандон оид ба ворид намудани тағйирот дар тартиби номгузорӣ асосан ба асноде дахл дорад, ки солҳои навадум (дар шакли аввал ном, баъд насаб), дода шудааст. Дар ин асос ва бо ҳамин тартиб бисёр шаҳрвандон шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро низ гирифтаанд ва ҳоло мехоҳанд онҳоро мувофиқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйир диҳанд.
Зимнан, солҳои охир бо кӯшишҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қонуни ёдшуда таҳия гардида, баъдан моҳи марти соли 2009 ба он тағйиру иловаҳо ворид гаштанд. Ҳамин тавр дар иваз ва тағйир додани ному насаби шаҳрвандон низоми муайян ҷорӣ шуд. Ҳамчунин ҳоло нашри варақаҳои ҳамаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла оид ба таваллуд, никоҳ, вафот дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст ва ин низ барои осон гардидани кори мо мусоидат менамояд.
Бо вуҷуди ин, тавре ки дар рӯзнома дуруст таъкид шудааст, тартиби тағйири ному насаб ҳанӯз барои шаҳрвандон мушкилоти гуногунро дар ҷамъоварии асноди зарурӣ пеш меорад ва боиси ташвиши онҳо ва сарбории кормандони шӯъбаҳои САҲШ низ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки даровардани тағйиру иловаҳо ба сабт барои кӯдакони то синни 16 - сола бе супурдани боҷи давлатӣ сурат мегирад. Айни замон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома оиди даровардани тағйиру иловаҳо ба сабтҳо таҳия шуда истодааст, ки дар асоси он ба шаҳрвандон шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад.
Мо умедворем, ки бо омодаю дастрас гаштани он низоми кор ҳам дар ҷамоатҳои деҳот, ҳам дар шӯъбаҳои САҲШ ва бахшҳои шиносномадиҳӣ беҳтар гашта, ташвиши шаҳрвандон камтар хоҳад шуд.
М. СОБИРОВА,
мудири шӯъбаи САҲШ-и мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри
Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3628