президент
Гузориш аз рафти машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
11 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, як зумра ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат 2 масъалаи асосӣ - ҷамъбасти нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 ва фаъолияти тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ - молиявии мамлакат ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010 доир ба омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 баррасӣ шуд.
Оид ба ҷамъбасти нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 ва фаъолияти тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ - молиявии мамлакат гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Фарух Ҳамралиев шунида шуд. Зикр гардид, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар 9 моҳи соли равон ба 6,2% ва таваррум ба 6,7% расидааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6% ва маҳсулоти кишоварзӣ 7,1% афзудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба таъмини кори бемонеаи корхонаҳои саноатӣ ва ҳамчунин пардохти маблағҳои андоз, гумрук ва дигар даромадҳои давлатӣ, ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили фаровони пахта, меваю сабзавот ва зироатҳои кишти такрорӣ, захираи тухмиҳои хушсифат ва оғози кишти тирамоҳӣ чораҳои муассир андешида шаванд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ба низом даровардани нархҳо пеши роҳи содироти чорво, ҳамаи намуди гӯшт, картошка, пашм ва металл пурра ва қатъан гирифта шавад.
Доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010 дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 муовини якуми сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов гузориш дод. Дар гузориш аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли ангишт дар мамлакат хеле афзоиш ёфта, дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна бештар ин навъи сӯзишворӣ ба фурӯш рафтааст. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар тамоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қадри кофӣ ангишт ва дигар навъҳои сӯзишворӣ захира шудаанд.
Тибқи гузориш, айни ҳол дар мамлакат 482 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият мекунад, ки нисбат ба соли гузашта 28- то зиёд мебошад. Фурӯши гази моеъ дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 беш аз 1400 тонна афзудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба тезондани сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои кӯҳистон, бо сифат омода кардани шабакаҳои таъмини барқу газу гармӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ҳар қадар нерӯи барқ сарфакорона истифода шавад ва талафоти он поён равад, ҳамон қадар таъминоти мардум бо нерӯи барқ ва гармӣ дар фасли сармо беҳтар мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳаллу фасли як қатор масоили дигар низ дар назди масъулони дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3650