logo

туризм

Туризми Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии туризм бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар меҳмонхонаи «Ҳайат реҷенсӣ» - и пойтахт нахустин конфронси миллии саноати туристии Тоҷикистон таҳти унвони «Туризм яке аз сохаҳои ояндадори иқтисодиёти миллӣ» доир гардид.
Ҳадафи конфронс ҷалби бештари сайёҳон ба ҷумҳурӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани соҳаи туризм дар манотиқи дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Дар кори конфронс муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, роҳбарияти Созмони ҷаҳонии туристӣ, бахшҳои гуногуни мақомоти давлатии ба туризм омехта, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои туристӣ ва ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумхурӣ, ба конфронс ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла гуфт, ки барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои сайёҳон ба кишвар муаррифии захираҳои бойи туристии ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳонӣ аҳамияти калон дорад. Дар доираи ин ҳадафҳо намояндагони соҳаи туризм бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони байналмилалӣ дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди «ITB – Берлин» ширкат варзида, соли  2008 дар масоҳати 8 метри мураббаъ, соли 2009 23 метри мураббаъ ва соли 2010 44 метри  мураббаъ ҷой гирифтанд. Доир намудани чорабиниҳои байналмилалӣ дар кишварамон низ як роҳи хуби таблиғоти захираҳои туристии кишвар аст. Зеро ин чорабиниҳо тавассути расонаҳои хабарӣ инъикос шуда, таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба ҷумҳурӣ ҷалб месозад.
Кумита ҳамкориҳои судмандро бо роҳбарият ва коршиносони Созмони ҷаҳонии туристӣ ҷоннок намуд. Моҳи майи соли равон Котиби генералии ин ташкилот Толиб Рифоӣ аз Тоҷикистон дидан кард. Пас аз натиҷагирӣ аз барномаи сафари худ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи туристӣ ва шарики боэътимоди ин созмон эълон намуд. Моҳи май ва июни соли ҷорӣ аз тарафи кумита дар якҷоягӣ бо СҶТ бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаккул додани имиҷи кишвар ҳамчун мамлакати туристӣ нахустин маротиба дар таърихи соҳа се гурӯҳ рӯзноманигорони ботаҷриба аз мамлакатҳои Олмон, Британияи Кабир, Испания, Италия, Словения, Ҳолланд, Дания, Лаҳистон, Покистон ва Русия даъват шуда, бо ҳамроҳии намояндагони кумита барои шиносоӣ бо имкониятҳои туристии манотиқи кӯҳистони кишвар ба ВМКБ ва водии Зарафшон сафар карданд. Баъди бозгашт  коршиносон оиди захираҳои бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон дар сомонаҳои гуногуни туристии шабакаи ҷаҳонии Интернет, маҷалла ва рӯзномаҳо мақолаҳои ҷолибро омода ва паҳн карда истодаанд.
Хонум Кордула Волмутер муовини раиси комиссияи СҶТ зимни суханронӣ дар ҳамин конфронс гуфт, ки Тоҷикистонро чун кишвари дорои захираҳои бойи туристӣ эътироф мекунад. Новобаста аз ҳудуди начандон зиёд доштанаш кишвари зебоманзар дорои захираҳои гуногуни биологӣ, ёдгориҳои таърихию табиӣ мебошад ва дар роҳи рушди туризм қадамҳои нахустинро мегузорад.
- Дар ҷумҳурӣ самтҳои асосии афзалиятноки туризм  кӯҳнавардӣ, варзиши лижаронии кӯҳӣ, туризми экологӣ, таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ, қаиқронӣ дар дарёҳои кӯҳӣ (рафтинг), табобати санаторию курортӣ  эълон шудаанд. Ва туристони хориҷӣ ба ин навъҳои туристӣ диққати бештар медиҳанд. Ҳудуди махсус ҳифзшавандаи табиӣ, ки беш аз 22 фоизи қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирад, ба рушди минбаъдаи туризми экологӣ мусоидат мекунад. Махсусан Боғи ҳайвоноти ҷумҳурӣ бо экосистемаи нодири табиӣ ва ҳайвоноту набототи гуногуни худ диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад, - гуфт муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев.
Тасдиқи Консепсияи рушди туризм дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2009 – 2019 ҷиҳати инкишофи ояндаи соҳаҳои туризм ва истифодаи самарабахши захираҳои мавҷуда мусоидат менамояд. Бо мақсади татбиқи вазифаҳои миёнамӯҳлати Консепсия Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2010 – 2014 қабул гардидааст. Барои татбиқи барнома ҳамасола аз буҷети давлат дар ҳаҷми 450 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Инчунин тартиби нави ба расмият даровардани раводидҳои Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз моҳи апрели соли 2009 мавриди амал қарор дода шудааст, яке аз тадбирҳои таконбахш барои ҷалби минбаъдаи туристони хориҷӣ ба кишвар арзёбӣ мегардад. Ҳуҷҷати мазкур раводиди туристиро ҳамчун навъи алоҳида муайян намуда, шаҳрвандони хориҷиро, ки бо ин раводид вориди кишвар мешаванд, аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод менамояд. Ғайр аз ин сайёҳон барои гирифтани раводид аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иҷозат доранд.
Алҳол аз 162 субъекти хоҷагидори кишвар, ки иҷозатномаи фаъолияти туристӣ дорад, 65 – тоаш фаъолияти назаррас дошта, 30-тоаш ба туризми содиротӣ ва боқимонда танҳо ба ҷалби туристони хориҷӣ машғуланд. Ба ҳайси сайёҳ  ба мамлакати мо бештар шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Чин, Туркия, Олмон, Фаронса, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ташриф меоранд. Тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, агар ҳар як туристи хориҷӣ барои саёҳат ба ҳисоби миёна 500 доллари амрикоиро сарф намуда бошад, дар маҷмӯъ дар соли 2009 аз ҳисоби 207 ҳазор сайёҳ ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 103 миллион доллари амрикоӣ маблағи нақд ворид гаштааст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба кишварамон 126 ҳазору 155 нафар  шаҳрванди хориҷӣ омадааст.
Ба гуфтаи Маликшо Неъматов, имрӯз барои рушди соҳаи туризм заминаҳои қонунию ҳуқуқӣ ва инфрасохторҳо фароҳам оварда шудаанд. Аммо кадрҳои баландихтисос надорем. То ҳол кадрҳо ба он дараҷа тайёр нестанд, ки ба сайёҳон хизмати олӣ расонем.  Баъзеҳо тамоман  одоби қабули меҳмонон ва хизматрасониро намедонанд. Ба ин соҳа танҳо шахси хушмуомила, забондону боодобро ҷалб бояд кард. Агар хизматрасонӣ дар сатҳи баланд бошад, як сайёҳ метавонад 5 – 6 нафари дигарро ба ҷумҳурӣ ҷалб намояд.
Бештари шаҳрвандоне, ки дар соҳаи туризм кору фаъолият доранд, маълумоти касбии туристӣ надоранд. Тадқиқот нишон медиҳад, ки  мо дар панҷ бахши муҳими фаъолияти соҳаи туризм мушкилот дорем: кадр, вазъияти умумии иқтисодӣ, зиёдшавии хароҷот, ҳаққи хизмати туристӣ ва рақобат.
Айни ҳол донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи туризм  мутахассис тайёр менамоянд. Ҳамасола  донишгоҳро беш аз 100 мутахассис  хатм мекунад, вале ин кам аст.
-Аз рӯйи тадқиқоте, ки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат гузаронидааст, танҳо барои солҳои 2010 - 2011 барои соҳа 5 ҳазор мутахассис лозим аст, - гуфт устоди ин таълимгоҳ Моҳира Қодирова.
Дар рафти конфронс коршиноси соҳаи туризм Кишваршо Абдулалишоев, роҳбари Барномаи инкишофи манотиқи кӯҳистон,  зимни суханронии хеш фикру андешаҳои иштирокчиёнро оиди камбудиву мушкилоти соҳаи туризм пурсон шуд. Монеаҳои садди роҳи рушди соҳаи туризмро иштирокчиён номбар карданд:
- кам будани кадрҳои баландихтисос;
- набудани китобҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ;
- суст  будани  иртибот миёни сохторҳои туризм  ва  муассисаҳои таълимии соҳа;
- набудани роҳи хушсифат ба  ҷониби аксар ёдгориҳои таърихӣ ва табиӣ;
- зимни тайёркунии кадрҳо ба назар нагирифтани хусусиятҳои миллӣ;
- набудани хатсайрҳои арзон ба кишварҳои хориҷӣ;
- набудани каталогҳои туризми экологӣ.
Конфронс бо намоиши нахустин филми тарғиботии туристии ватанӣ анҷом ёфт.

Оҳистамоҳи  ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7775
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед