номаҳо
“Тоҷикон”-ро бояд аз нав тарҷумаву нашр кард
«Тоҷикон» бояд китоби рӯимизии ҳар тоҷику дӯстдори ин миллати куҳанбунёд бошад. Ба замми он, ки китоби мазкур бо теъдоди зиёд нашр ва қиматаш барои дастрасии бештари мардум поён фароварда шавад, лозим аст, ки аз нав тарҷума гардад. Чаро? Чунки тарҷумаи он дар замони шӯравӣ сурат гирифта буд ва на бо сифате, ки имрӯз ҷавобгӯи талабот бошад. Хуб аст, агар тарҷумаи ин китобро бо забони нобу гуворову дилнишин ва дуруст бубинем. Албатта, дар ин маврид на танҳо барои тоҷикони кишвар, балки барои тамоми тоҷикзабонони олам имкон фароҳам меояд, ки бо рағбати беандоза ва бе эҳсоси мушкилот «Тоҷикон»-ро мутолиа намоянд. Ҳамчунин тарҷума бояд ба асл мувофиқат кунад. Мутаассифона, дар тарҷумаи тоҷикии «Тоҷикон» гӯё қасдан ин талаботи тарҷума ба инобат гирифта нашуда буд.
Бовар дорам, ки ин масъала мутахассисон, масъулон ва дигар дӯстдорони миллатро бетафовут намегузорад ва дар пайи ҳарчи зудтар тарҷума ва нашри он саъй ба харҷ медиҳанд.
Сурайё РАҲИМОВА,
Баҳром АЙНИДДИНОВ,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3592