номаҳо
Дарди сарро набинед!
Хидмат ва муносибати табибони Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм писандам афтод. Табибони ин муассиса ба ҳама таърифу тавсиф арзандаанд. Беморро бо таҷҳизоти ҳозиразамон ташхис мекунанд. Бо ӯ сӯҳбатҳои хуб менамоянд. Пас аз муносибату сӯҳбатҳои оромкунанда бемор ҳатто аз ҷарроҳии вазнин ҳам наметарсад.
Александр Еникеев табиби донишманду пуртаҷриба аст. 30 сол аст, ки дар ин муассиса фаъолият дорад. Падару модараш ҳам дар ин дармонгоҳ пурсамар фаъолият менамуданд.
Табиб Олуча Носиров 28 сол аст, ки беморони чашмро табобат мекунад.
Саидбурҳон Маҳмадҷонов, муовини сартабиб, ки 17 сол боз дар ин даргоҳ ба табобати беморон машғул аст, бо донишу таҷрибаи фаровон ва муносибати нек шинохта шудаву маҳбубияти хоса дорад.
Сардухтур Сафаралӣ Мирзоев низ 30 сол боз ба табобати беморон машғул аст ва тамоми нозукиҳои касбашро хуб аз худ намудааст.
Донишу таҷрибаи дигар табибон низ шоёни таҳсин аст. Чашмони мани мӯйсафедро дар ин даргоҳ табобат намуданд. Бо шукри биноӣ, ба ҳама табибон ва кормандони ин муассиса миннатдорӣ намуда, онҳоро ҳар замон дуои нек мекунам.
Нурбобо САЙДАЛИЕВ,
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3798