номаҳо
Доғҳои шаҳри зебоманзари мо
Дилам ба гадоён месӯхт. Мепиндоштам, ки онҳо аз зарурат ба ин амал рӯ овардаанд. Аммо на ҳамеша чунин будааст. Гадоён мардумони зираканд. Мардҳо дар сар дастор ва дар як даст асову дар дасти дигар тасбеҳ доранд. Занҳояшон аксар дар бағал кӯдак мегардонанд. Ҷойи «шикорашон» назди беморхона, масҷид ва бозорҳо аст. Дар назди пулҳо низ менишинанд. Рӯҳияи одамонро онҳо хуб омӯхтаанд ва медонанд чӣ гӯянду чӣ гуна муносибат намоянд, то амалашон бобарор бошад.
Як рӯз ман дар бозор, дар назди шогирди пистафурӯшам будам, ки гадое омад ва халтаашро дароз кард. Шогирдам мақсади ӯро зуд фаҳмид, чунки гадо ин амалро ҳар рӯз 4-5 маротиба анҷом медодааст. Бар ивази 50 сомонии пулҳои хурд, ба ӯ як 50 сомонӣ дод.
Ҳамин тавр, аз шогирдам фаҳмидам, ки ин гадо рӯзе беш аз 200 сомонӣ аз мардум ҷамъ меорад. Фикр мекунам, мардуме ба онҳо садақа медиҳанд, ки худашон ба пул бештар ниёз доранду сатҳи зиндагиашон баланд нест.
Мурод аз иншои нома ин аст, ки мардум бояд одамони воқеан ҳам мӯҳтоҷ ва ғайри қобили меҳнатро шинохта барояшон хайр кунанд. Аммо чаро масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ин талбандаҳо кор намебаранд, то мисли дигар мардум фаъолият дошта бошанду ақаллан барои худ нафъ биёранд. Охир онҳо доғҳои шаҳри зебоманзари мо шудаанд.
Яҳёхони ТУРСУНЗОД,
шаҳри Исфара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4019