номаҳо
1043 довталаб аз озмун нагузашт
Бино ба иттилои Грез Қосимов, муовини сардори Раёсати хизмати давлатӣ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба раёсат 1999 мавод ворид гардид, ки асосан муроҷиати мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ, ҳимояи ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатӣ ва баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегиранд. Дар иртибот ба муроҷиатҳои воридгашта аз тарафи масъулони раёсат 1352 санад содир гардидааст.
Грез Қосимов гуфт, ки дар гузаронидани озмунҳо ҳоло ҳам баъзе мақомоти давлатӣ ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Аз ҷумла, ҳолатҳои ба мансабҳои холӣ ҳуҷҷат насупурдани довталабон ё барои ишғоли як мансаб номнавис гардидани як довталаб ҷой дорад, ки аз фаъолияти сусти хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ гувоҳӣ медиҳад. Зикр шуд, ки 1043 нафар довталаб бо сабаби надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои тахассусӣ нисбати ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмун нагузашт.
Шаҳнози ҚУРБОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3546