номаҳо
Қариб 20 ҳазор гектар замин аз истифода берун монд
Муҳаммадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО гуфт, ки 7650 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, гунаҳкоронро ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима баст. 1260 мавод ба мақомоти судӣ ирсол гардид ва 3861 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гашт.
Сабаби афзудани ҳолатҳои қонуншикании заминро раиси кумита дар деҳқон набудани бештари хоҷагидорон, дастёбӣ надоштан ба таҷҳизоти техникӣ ва ғайра медонад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 18 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ сертификати истифодаи замин ройгон дода шуд. Ҳамчунин то ин давра бартарафсозии ҳолати шӯрии замин дар ноҳияи Ҷиликӯл пурра ба анҷом расид.
Се ҳазор гектар чарогоҳ ва заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид, вале наздики 20 ҳазор гектар замин аз истифода берун монд.
Муҳаммади НУРУЛЛОҲ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3594