номаҳо
Соҳибкорони ватанию хориҷӣ 11276 ҳазор сертификат гирифтанд
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки даромади Палата аз ҳисоби хизматрасонӣ дар маҷмӯъ 3328,6 ҳазор сомониро ташкил намуд. Нақша 124 % иҷро шуд. Аз ҷониби идораи экспертизаи Палата дар давраи ҳисоботӣ 11276 ҳазор сертификат ва 38 литсензия дода шудааст.
Дар давоми семоҳаи сеюми соли ҷорӣ дар палата як қатор вохӯриҳо бо хориҷиён баргузор гардид.
- Палатаи савдо ва саноат пайвандгари соҳибкорони ватанию хориҷӣ буда, мақсад аз ин вохӯриҳо низ рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, таъсис додани корхонаҳои муштарак, гузаронидани чорабиниҳои якҷоя, аз қабили намоишгоҳ-фурӯшгоҳ ва дигар мавзӯъҳо мебошад, -гуфт дар анҷоми нишаст Шариф Саид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3540