logo

туризм

Туркия: талош дар роҳи маърифат, ё худ Фатҳуллоҳи Гулен ва пайравони ӯ чӣ орзу доранд?

Шоми ороми тобистони Қуния. Дар канори шаҳр, дар ҳавлибоғе  мизбонону меҳмонон гирди миз нишаставу гарм сӯҳбат мекунанд. Мизбонон - ҷаноби Исмат Тетизҷа ва аҳли хонаводааш, меҳмонон – мо, гурӯҳи журналистони тоҷикистонием. Эмсал Коч, раиси фонди байналмилалии платформаи “Гуфтугӯи АврОсиё” дар Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи мо, сӯҳбатро, ки  атрофи фаъолияти литсей ва донишгоҳҳои вақфӣ (вақф-мулк (замин, бино ва ғ.), ки соҳибаш онро барои масрафи мактаб ё масҷиде бахшида ё васият кардааст. Литсейю донишгоҳҳо ва муассисаҳои вақфӣ дар Туркия аз тарафи шахсони доро, соҳибкорон дар роҳи Худо сохта шуда, ба ҳисоби давлат мегузаранд. Ба қадри имкон фаъолияти ин муассисаҳоро ҳам соҳибкорон дастгирӣ мекунанд. Таҳсил дар ин муассисаҳои таълимӣ барои толибилмон пулакӣ аст.) дар Туркия, саҳми соҳибкорон дар рушду нумӯи соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги кишварашон аст, тарҷума мекунад. Ҷаноби Исмат Тетизҷа, яке аз садҳо соҳибкорони Туркия, бунёди муассисаҳои таълимии вақфиро маблағгузорӣ намудааст. Аз ин маблағгузорӣ суди молӣ намехоҳад, он хайри ӯ дар роҳи Худо, ёрӣ ба давлаташ дар тарбияи шоистаи насли наврас мебошад.

Муҳаббату самимияти мизбононро вақти шиносоӣ бо аҳли хонавода, ҳангоми шомхӯрӣ, ки ҷаноби Исмат Тетизҷа гуфт, барои меҳмонон ғизоро худ омода кардааст, хуб эҳсос намудам. Ин меҳрубониву хоксорӣ муҳаббати меҳмононро ба аҳли хонавода афзуд, «ях»- и бегонагиро «шикасту об кард». Ҳамин аст, ки маҳфил гарму самимӣ, сӯҳбат пурмӯҳтавову корсоз аст. Сарвари хонавода мегӯяд, ӯ хайру эҳсонро дар роҳи Худованд ба фарзандонаш, хешу ақрабояш низ талқин мекунад. Фарзандонаш дар литсей ва донишгоҳи вақфӣ таҳсил намудаанду таҳсил доранд ва ӯ аз сифати таълим дар ин муассисаҳо розист.
То меҳмонӣ, он рӯз  дар шаҳри Қуния ба литсейи «Муҳаммад ӯздемир» ва донишгоҳи «Мавлоно» рафта будем. Бинои зебои литсей писандам омад. Синфхонаҳои барҳавояш бо техникаи муосир ва аёният муҷаҳҳаз, долону синфхонаҳо бо рангҳои шод, мувофиқи табъи бачаҳои синнашон гуногун оро ёфта буданд. Бачаҳо таътил доштанд. Дар ин дидорбинӣ мизбонони мо – Сулаймон Башир, муовини сарвари литсей ва устодони дигар гуфтанд, таълим дар ин ҷо тибқи модели муосири дунявӣ сурат мегирад ва  пулакӣ аст ва тамоми маблағи аз сӯи оилаҳо пардохтшаванда барои таъмини таҳсилу ғизои бачаҳо, таҷҳизот, беҳдошт, маоши муаллимон ва нигоҳ доштани бинои литсей сарф мегардад. На давлат, на каси дигар аз ҳисоби он суди молӣ намебинад, яъне фаъолияти литсей ба хотири тиҷорат нест. Барои фаъолияти литсей алъон ҳам соҳибкорон ёрӣ мерасонанд, масалан, иштироки хонандагонро дар олимпиадаҳои дохили кишвар, мусобиқаҳои варзишӣ маблағгузорӣ мекунанд. Омӯзгорон бо ифтихор гуфтанд, ки донишомӯзони онҳо дар мусобиқаи шоҳмот байни наврасони кишвар ҷойи аввалро соҳиб шудаанд.
 Муаллимон ба ин ҷо дар асоси озмун ба кор гирифта мешаванд ва аз онҳо нисбат ба таълиму  тарбияи бачаҳо масъулияти баланд тақозо мегардад. Маоши омӯзгорон зиёд аст.
 Зимни сӯҳбат аз гуфтаҳои ҷаноби Фатҳуллоҳи Гулен низ иқтибос оварда шуд ва онро дар дафтарчаам ёддошт намудам: «Агар насли наврасро бо илму дониши муосир муҷаҳҳаз намудаву онҳоро аз таърихи халқи худ воқиф сохта ва  диққаташонро ба ояндаи нек нигаронида тавонем, бешак хурдтарин заҳмати дар ин ҷода кашидаи мо зоеъ нахоҳад рафт ва нафъи онро бештару барзиёд хоҳем дид. Ҳатто гуфта метавонем, ки ҳар як харҷи дар роҳи тарбияи насли наврас кардаи мо дар қалбҳои солим ва рӯҳи тарбиядидаи онҳо гӯё ба як сарчашмаи доимии фоидаовар мубаддал мегардад ва мо ҳамчун миллат соҳиби як хазинаи фанонопазир хоҳем шуд».
Ин гуфтаҳои донишманди мӯҳтарамро имрӯз дар кишвар хуб дарк кардаанд, даъвати ӯ - сохтани литсейҳои вақфӣ  аз ҷониби соҳибкорони муваффақ, сармоядорон ва умуман мардуми тавонманд нек пазируфта шудааст. Иттилоъ ёфтем, ки  сартосари Туркия беш аз 1000 литсейи вақфӣ, ки  системаи таълимашон замонавист, амал  мекунад, танҳо дар Истанбул 40 – то ин гуна литсей ҳаст. Омӯзгорон гуфтанд, муҳассилинро дар рӯҳияи  муҳаббату рафоқат, эҳтиром ба инсон, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳурмати мавқеъ ва  шинохтани дину мазҳаби ҳамдигар таълим медиҳанд, ки идеяи Гулен инро тақозо дорад. Ягон лаҳзаи будубоши бачаҳо, донишандӯзии онҳо дар литсей беҳадаф, беҳуда намегузарад. Сатҳи дониши муҳассилини литсейҳои вақфӣ нисбат ба дигар муассисаҳои таълимии Туркия хеле баланд аст… 
Донишгоҳи навбунёди «Мавлоно»,  ки нав, ҳамагӣ ду ҳафта пеш,  ба қабули донишҷӯён омода гашта будааст, ба қавле «бо сухани охирини меъмории муосир» бунёд шудаву «бо сухани охирини техника» муҷаҳҳаз буд. Онро низ соҳибкорон бо маблағи худ сохтаанду муҷаҳҳаз гардонидаанд ва соҳибмулки он давлат аст.
 Дар донишгоҳи вақфии байналмилалии «Фотеҳ» - и Истанбул, ки чанд рӯз пеш меҳмони он ҷо будем, 12 ҳазор донишҷӯ аз 77 кишвари дунё, аз ҷумла 17 нафар аз Тоҷикистон таҳсил мекунад. Забони таълим англисӣ буда, барномаи таълим  ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст. Дар ин ҷо ғайр аз муаллимони кишвар, боз 70 нафар омӯзгори аз дигар давлатҳо даъватшуда дарс медиҳад. Маблағи таҳсил дар як сол 10 000 доллар буда, довталаб тавассути имтиҳони тестӣ қабул мешавад. Агар донишҷӯ таҳсили аъло ва ахлоқи накӯ дошта бошад, маблағи пардохт торафт кам мегардад, ҳатто барояш  стипендия таъйин мекунанд.
…Пардаи шаб фаромадаву аммо сӯҳбати мо дар ҳавлибоғи ҷаноби Исмат Тетизҷа идома дорад. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки бо ибтикори Фатҳуллоҳи Гулен литсейҳои муштараки туркӣ бо дигар кишварҳо,  дар 150 мамлакати дунё фаъоланд. Дар ин литсейҳо фарзандони намояндагони миллатҳои гуногун, пайравони дину мазҳабҳои гуногун бо ҳам таҳсил намуда, ба онҳо фикри дар оянда саҳмгузории якҷоя дар осоишу оромиши дунё, рафоқату дӯстии инсонҳо талқин мешавад. Мақсади ин литсейҳо низ мисли литсейҳои вақфии дар Туркиябуда тарбияи инсони бадониш, бамаърифату комил аст. Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост, ки дар он чунин литсейҳои муштарак фаъолият доранд ва барномаҳои таълимии онҳо аз сӯи вазоратҳои маорифи ҳарду кишвар таҳия гардидаву фаъолияташон аз сӯи ин вазоратҳо назорат мешаванд.
Бо вуҷуди сӯҳбати «қӯргирифта» дар атрофи мавзӯи таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ва муносибатҳои фарҳангии ҳарду кишвар, маҳфили гарм бояд пароканда шавад, зеро ба консерте меравем, ки дар кохи фарҳанги Қуния баргузор мегардад ва он иҷрои рақси «Само» аст.
Бо мизбонон худоҳофизӣ карда, аз ҳавлибоғи хеле хоксорона берун мешавем. Меандешам, ки манфиати илму маорифи кишвар барои ин хонаводаи як сармоядори турк болотар аз хоҳиши зиндагӣ дар бӯстонсароҳои бошукӯҳ будааст, вагарна ба ҷои як ҳавлибоғи одӣ кӯшке ин ҷо бунёд мегашт. Меандешам, ки оре, ин гуна садҳо соҳибкорони меҳандӯсти Туркия, ки камари ҳиммат барои рушди мактабу маорифи кишварашон бастаанд, воқеан ҳам ҳамчун миллат соҳиби як хазинаи фанонопазир шудан мехоҳанд, дарк намудаанд, ки ҳар як харҷи дар роҳи тарбияи насли наврас кардаи онҳо дар қалбҳои солим ва рӯҳи тарбиядидаи ин насл ба як сарчашмаи доимии фоидаовар мубаддал мегардад.
Акнун, ки ин сатрҳоро менависам, тобистон рафтаву пойиз расидааст. Ва мо ҳама кайҳо ба ватан баргаштаему аз пайи кору бори рӯзмарраамон ҳастем. Аммо дафтарчаи ёддошти ин сафар, ки варақ мезанам ва сабтҳои диктофон, ки гӯш мекунам, маро боз ба ҳафт рӯзи тобистони Туркия мебаранд…
…Ҷаноби Мустафо ӯзҷан ва ёваронашон моро дар дармонгоҳи вақфии «Само» - и Истанбул хуб истиқбол гирифтанд. Дар ин ҷо бо  фаъолияти ин шифохонаи бо техникаи навтарин муҷаҳҳаз ва бо мутахассисони варзида таъмингашта шинос шудем. Эшон дар Тоҷикистон будаанд ва бо муҳаббат аз кишвари мову мардумаш  ёд карданд, ки аз ин хеле хушамон омад.
Ҳамкасбони турки мо дар идораи рӯзномаи «Замон» (Истанбул) дар бораи кори васоити ахбори оммаи кишвар, фаъолияти рӯзномаашон иттилоъ доданд. Бо роҳнамоии онҳо бо тарзу услуби корашон шинос шудем, ки хеле омӯзанда буд. Рӯзномаи «Замон» ранга аст. Бо теъдоди бештар аз 800 ҳазор барои саросари кишвар нашр мешавад ва субҳи зуд ба дасти алоқамандонаш, ки аксар обунашудагонанд, мерасад. Нашри англисӣ ҳам дорад. Вақте  субҳ ба ин ҷо омадем, дар шӯъбаҳои гуногуни рӯзнома аксари журналистонро дар ҷойи кор надидем. Намояндаи рӯзнома ҷаноби Аҳмад Темур гуфт, онҳо ҳама дар ҷойи кори худанд, яъне барои ҷамъоварии ахбор, мусоҳиба, омода сохтани матлабҳо ҳар куҷо рафтаанд ва айни ҷӯши кор дар ин ҷо баъди зӯҳр аст. Рӯзнома дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ ва дохили кишвар борҳо ғолиб омадааст. Ҳамкасбони «Замон»-иамон аз ин дастовардҳои хеш бо ифтихор гуфтанд ва саҳифаҳои дар озмунҳои ороиш ғолибгаштаро, ки дар толоре ба намоиш гузошта будаанд, нишон доданд. Дар яке аз ин саҳифаҳо, масалан, матлаб дар бораи санъати кӯзагарӣ буд. Ороишгар дар тамоми саҳифа кӯзаи зебое кашида матлаби журналистро дар дохили он ҷо додааст, ки хеле ҷолиб буд. 
Дар шабакаи телевизиони фарҳангии «Саманйолу» («Роҳи каҳкашон»), ки дар Истанбул асту барномаҳояш барои саросари кишвар пахш мешаванд, Камол Гулен, роҳбари бахши филми ҳуҷҷатӣ, барандаи барномаҳои иттилоотӣ, роҳнамои мо буд. ӯ гуфт,  ҳамаи барномаҳои шабакаҳои «Саманйолу» дар асоси идеяҳои инсондӯстӣ сохта мешаванд, тавассути онҳо масъалаҳои маорифу маърифат, устувории оила, суботи ҷомеа бо истифода аз имкониятҳои гуногуни телевизионӣ баҳсу баррасӣ мегарданд. Фатҳуллоҳи Гулен, ки ин  телевизион низ бо пешниҳоду дастгирии эшон аз тарафи соҳибкорон таъсис ёфтааст, ҳафтае як маротиба ба воситаи он суханронӣ мекунад. «Саманйолу» аз ҷиҳати маъруфият байни аҳолии Туркия  дар панҷгонаи аввали шабакаҳои телевизиони ин кишвар қарор дорад,  бахши иттилоотии  он байни каналҳои иттилоотии шабакаҳои дигари телевизиони Туркия ҷойи сеюмро дарёфтааст. «Саманйолу» барои бачаҳо низ шабакаи махсус таъсис додааст. Намоиши фаҳш, зӯроварӣ, филмҳое, ки ба ахлоқи мардум таъсири бад мерасонанд, дар ин ҷо манъ аст. 
Ташкилоти хайриявии «Кимсе йок му» («Касе ҳаст?») дар асоси хайрияҳои мардуми Туркия дар роҳи Худованд бунёд гаштаву амал мекунад. Кӯмакаш на танҳо ба мардуми ниёзманди Туркия, балки ба мардуми камбизоат ё аз офатҳои табиату ҷанг зарардидаи 57 кишвари дигар низ расидаасту мерасад. Вақти ташриф ба ин ташкилот  фаҳмидем, ки «Кимсе йок му» ба кишвари мо низ ба маблағи 350 ҳазор доллари амрикоӣ ёрӣ расонидааст.
Рӯзе, ки як умр фаромӯш нахоҳад шуд, албатта, ҳамон буд, ки мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро  дар шаҳри Қуния зиёрат кардему ба муроди дил расидем. Дидам, ки чӣ гуна мардуми миллату нажодашон мухталиф, дину мазҳабҳояшон гуногун бо ихлоси комил ба ин ҷо омадаанд, дидам, ки чӣ гуна дар навбати дуру дароз, назди муҷтамеи мақбара истода, интизори лаҳзаи зиёрати мақбараи эшон, интизори пайванди рӯҳию маънавӣ бо Ҳазрати Мавлоно ҳастанд…
Фатҳуллоҳи Гулен аз таълимоти Имоми Аъзам ва Мавлонои Рум пайравӣ мекунад ва идеяҳои ӯ аз ҷумла маншаъгирифта аз ғояҳои асарҳои ин ду абармард аст, ки Шарқу Ғарб пазируфтаанд. ӯ аҳамияти муҳим доштани диалог - гуфтугӯро дар робитаҳову муносибатҳои байни кишварҳову мардуми дунё ва динҳо  ба  хотири ҳалли масоили гуногуни инсон ва  ҳамзистӣ дар рӯи Замин махсус зикр мекунад. «Дар як ҷаҳон зиста, бо ҳам бегона буда наметавонем, - мегӯяд имрӯз ин донишманди 72 – сола. «Дӯст дор, то дӯстат доранд, ботаҳаммул бош, то туро таҳаммул  кунанд, шарафи худ нигаҳ дор». Ин насиҳати ӯст.
Фатҳуллоҳи Гулен даъват мекунад:
«Биёед ба ҳакимоне мисли   Румӣ ва Юнус (Юнус Эмре аз пайравони Ҷ.Румӣ аст. Соли вафоташ 1321) гӯш андозем, ки дар асарҳои онон даъвати Илоҳӣ инъикос ёфтааст ва аз самими қалб бигӯем: «Зинда бод муҳаббат ва бародарӣ! Биёед, дар ин рӯзҳо, ки кинаву кудурат ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ҳамаро бори дигар ба муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ даъват кунем!..
Биёед, инсонро эҳтиром гузорем. Ба қадри он ҳақоиқи олӣ, ки дар башарият мавҷуд аст, бирасем. Ба номи он Офаридагори тавоно ӯро дӯст дорему қадрдонӣ намоем! Он гоҳ ҷомеае, ки мо бо чунин фаҳмиш бунёдаш месозем, шояд ба худ омада, гумкардаашро дарёбад ва комил гардонад».
Дуруст мешавад, агар мо, ҳамзамонони Фатҳуллоҳи Гулен даъватҳояшро бипазирем ва ба фармудаи ӯ «дасти ҳамдигар бигирем, якдилона рӯ ба Худованд биёрем ва роҳеро, ки рафта истодаем, равшану гуворо созем».

Талъат Нигорӣ,
«Ҷумҳурият»

Дар сурат:
Истанбул. Дар идораи рӯзномаи «Замон». Муаллифи ин сатрҳо ба Аҳмад Темур   китоби ҷашнии рӯзномаи  “Ҷумҳурият” “Рӯзноманигорӣ ватандорист”-ро ҳадя мекунад.   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед