сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон оғози марҳалаи нави муносибатҳои дӯстонаи ду давлат гардид
Рӯзҳои 25 – ум ва 26 – уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт. Ин сафар баъд аз 5 сол аз боздиди қаблии Сарвари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар, ки моҳи апрели соли 2005 сурат гирифта буд, дар муносиботи дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамзабон саҳифаи нав боз намуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини аввали президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Қасим Фаҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Маросими истиқбол ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай истиқбол гирифта, ба майдони баргузории маросими истиқбол даъват намуд.
Ба ин муносибат ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии давлати Афғонистон саф оростанд. Дар ҳузури сарони ду давлат сурудҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон садо доданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ба сафари расмӣ ва пазироии самимӣ ва ҳамчунин аз сатҳи баланд ва муколамаи мунтазами раҳбарии ду давлати дӯст ба Ҳомид Карзай арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Сарони ду давлат аз афзоиши ҳаҷми мубодилаи моли миёни Тоҷикистону Афғонистон, ки солҳои охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки ин тамоюли мусбат бояд нигоҳ дошта шавад.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба роҳҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии минтақавӣ ва миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя зоҳир карда шуд. Густариши робитаҳои савдоию истеҳсолӣ тавассути бозорҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодии наздисарҳадӣ яке аз чунин роҳҳо номида шуд. Таъкид гардид, ки аз имконоти фаровон барои бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ низ бояд васеъ истифода бурда шавад.
Сарони ҳар ду давлат ба густариши ҳамкории энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, аз ҷумла барои ҳарчи зудтар тавассути қаламрави Афғонистон пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон бо кишварҳои Эрон, Покистон ва Туркманистон ҳавасмандии зиёд нишон доданд.
Таҳкими ҳамкории чорҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русия ҳам аз самтҳои афзали равобити судманд номида шуд.
Ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дастур дода шуд, ки созишномаҳо дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ ва дар бораи канорагирӣ аз пардохти андози дукаратаро таҳия карда, барои ба имзо расондан пешниҳод намоянд. Таъкид гардид, ки Созишномаи транзитии байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва созишномаҳои ҳамкории гумрукӣ низ ҳарчи зудтар бояд ба имзо расонда шаванд.
Ба имзо расондани созишномаҳои байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ду кишвар низ аз арсаҳои судманди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки дар 6 моҳи соли 2010 беш аз 100 нафар донишомӯз ва корманди сохторҳои сарҳадӣ, полиси маводи мухаддир, гумрук, мақомоти дохилӣ ва 300 нафар корманди тиббии Афғонистон курсҳои омӯзиширо дар Тоҷикистон сипарӣ намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон илова бар ин изҳор дошт, ки «Мо омодаем ҳар сол то 100 нафар донишомӯзи Афғонистонро дар Коллеҷи тиббии Тоҷикистон бо пардохти имтиёзӣ бипазирем». Бо ишора ба зарурати таҳкиму густариши ҳамгироии миёни сохторҳои амниятӣ, сарҳадӣ ва дифоии ду кишвар таъкид гардид, ки ин сохторҳо бояд равобити мунтазам ва ҳамкории натиҷабахш дошта бошанд, ба хусус дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон.
Ба густариши ҳамкории бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ба татбиқи амалии санадҳои дар иҷлосияи 37-и Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ қабулшуда, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Баъди анҷоми музокироти расмӣ маросими имзои санадҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гашт, ки зимни он дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай 6 санади нав ба имзо расид.
Аз ҷумла:
Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои инкишоф ва идоракунии манбаъҳои об дар дарёҳои Панҷу Ому;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба тиҷорати транзитӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати энерҷӣ ва оби Афғонистон;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.
Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои мулоқоти хоса ва музокироти расмии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки «ин сафар оғози марҳалаи нави муносибатҳои дӯстонаи ду давлат мегардад».
Сарони ду давлат ҳамчунин ба суолҳои сершумори хабарнигорон посух гуфтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт, ки «мо бо бародарони афғон мушкил надорем ва дар кӯшишҳои ноором кардани вазъи Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон даст надоранд, ҳарчанд оромию субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вазъи Афғонистон вобастагии зич дорад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Юнуси Қонунӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ асосан ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.
«Тоҷикистон ва Афғонистон кишварҳои меҳварии Осиёи Марказӣ мебошанд ва ҳамкории созанда ва амалии минтақавӣ дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо барои кишварҳои мо аҳамияти ҳаётӣ дорад. Бо назардошти ин, мо ба тавсеа ва рушди ин ҳамкорӣ таъкиди доимӣ дорем», - зикр намуд зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ҳар ду ҷониб ба таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар омодагии устувор таъкид гардид.
Субҳи 26 – уми октябр дар шаҳри Кобул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон расман ифтитоҳ ёфт.
Чунонки аён гашт, бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 1 гектар замин дар яке аз манотиқи беҳтарини шаҳри Кобул ҷойгир шудааст. Бино бо тарҳу намои замонавии худ ба ин мавзеи обрӯманди шаҳри Кобул, ки минтақаи «Вазир Акбархон» ном бурда мешавад, ҳусни тоза зам намудааст.
Сафорати Тоҷикистон аз бинои кории дуошёна, бинои истиқоматии сеошёна бо 12 хонаи сеҳуҷрагӣ, бинои консулгарӣ ва бинои қабули меҳмонони расмӣ иборат аст. Ҳамаи ин биноҳо бо тарҳи зебои замонавӣ, шароити хуби кору зиндагӣ ва ҳам фароғат бунёд ёфтаанд.
Сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз шароити хуби сафорат ва мавзеи ҷойгиршавии он, ки мутобиқ ба сатҳ ва мазмуни муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя, ҳаммарз, ҳамзабон ва ҳамдил аст, изҳори қаноату хушнудӣ карданд.
Ба гуфти чанде аз коршиносони афғон, Тоҷикистон ягона давлате аст, ки ба Афғонистон ҳеҷ зарар намеорад ва танҳо манфиаташ мерасад, Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад, касе аст, ки дар минтақа ва ҷаҳон аз манофеи мардум ва давлати Афғонистон ба таври шоиста пуштибонӣ мекунад.
Хотиррасон бояд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғайр аз сафорат ҳамчунин дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Кундуз ва Файзобод консулгарӣ дорад ва боз намудани консулгарии дигар дар яке аз шаҳрҳои ҷануби Афғонистон низ дар нақша аст.
Бо иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон сафари расмии пурмаҳсули Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба поён расид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2289