номаҳо
Омӯзиши «Алифбои ниёгон» ҷавобгӯи талабот нест
Тибқи барномаи таълимӣ, омӯзиши фанни «Алифбои ниёгон» дар як ҳафта як соат ё худ 45 дақиқа муқаррар гардидааст. Табиист, ки хонандаи синфҳои се ва чори мактаби таҳсилоти умумӣ дар муддати ҳафт рӯз чизи омӯхтаашро фаромӯш мекунад. Навиштан ва хондани калимаҳо ва ҷумлаҳо хоҳ-нохоҳ дар ин сурат мушкилоти дигар эҷод менамояд.
Ба ҷуз ин дар ҳар як синф шумораи талабагон аз 25 нафар зиёд мебошад. Аз ин рӯ омӯзиши фанни мазкур имрӯз ба талабот ҷавоб дода наметавонад. Агар мехоҳем, ки таълими «Алифбои ниёгон» самара биёрад, бояд онро ҳафтае на камтар аз се соати дарсӣ муқаррар кунем, ақаллан барои хонандагони синфҳои 3-5. Ва талабагони синфро ҳангоми дарс ба ду гурӯҳ тақсим намоем.
И. АЗИЗОВА, ноҳияи
Конибодом
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3872