номаҳо
Агар барномаи назмшиносиро таҳия намоем…
Чандин маҷмӯаи ашъори ҷавононро мутолиа кардам. Ва ҳам шеърҳои онҳоро шунидам. Аксар дар вазн хато мекунанд. Чаро? Чунки аз илми арӯз хуб баҳравар нашудаанд. Сабаб, албатта, нарасидани омӯзгороне мебошад, ки вазнро хуб донанд ё эҳсос намоянд.
Ба шоирони ҷавон маслиҳатҳо додам, аммо напазируфтанд. Аслан, фикр мекунам, ба як-ду маслиҳат дар ҳоли ноогоҳии онҳо муваффақ шудан мумкин нест. Зарур аст, ки барномаи электронии назмшиносиро таҳия намоем. Бо нишондоди ҳамаи баҳрҳову тақтеъҳо ва ҳиҷоҳову зиҳофҳо кор дар ин самт осонтар мегардад. Ин ҳам барои омӯзгорони фанни адабиёти тоҷик нафъ меорад ва ҳам ба шоирони ҷавону дигар мутахассисон.
Орзуи АБДУЛҲАМИД,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3474