номаҳо
Ба мағозаи китобфурӯшии мо китобҳои муҳими тозанашрро намеоранд
«Фарҳанги забони тоҷикӣ» соли 2008 нашр гардид. Пиндоштам, ки онро ба мағозаи китобфурӯшии ноҳияи мо низ меоранд. Аммо дар ин маврид ғалат кардам. Агар меоварданд, дар ин ду сол меоварданд.
Дар гумон аст, ки ҳоло барои харидорӣ онро дар пойтахти кишвар низ пайдо намоем.
Муроди ман аз иншои ин нома он аст, ки муҳимтарин китобҳоро бо теъдоди зиёд нашр ва ба мағозаҳои китобфурӯшии шаҳру ноҳияҳои кишвар тақсим кунанд.
Охир имкон надорем, ки барои китобҳои тозанашр зуд-зуд ба пойтахти кишвар биравем. Ба ҷуз ин бурдани он китобҳои зиёду вазнин ба зодгоҳ осон нест.
Хуб мебуд, агар масъулон сари ин масъала биандешанд ва мушкили моро осон намоянд.
М. ИСРОИЛОВА,
ноҳияи Тавилдара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3586