номаҳо
Агар фаъолияти шӯъбаи алоқа хуб гардад…
Ҳамасола ба чанд номгӯи рӯзномаву маҷалла обуна мешавем. Аммо рӯзномаву маҷаллаҳо сари вақт дастрас намегарданд. Интизори он мешавем, ки кай роҳбари мактаб ба маркази ноҳия мераваду матбуоти даврӣ меорад. Яъне вазифаи хаткашонҳои пешинро ӯ иҷро мекунад. Гоҳо меандешем, ки пас барои дигар мардуми деҳ кӣ ин масъулиятро ба дӯш дорад?
Хулоса, агар вазифаи хаткашонҳо барқарор гардад ва туфайли онҳо матбуоти даврӣ сари вақт бирасад, номаҳоро дар муддати кӯтоҳ соҳибонашон ба даст бигиранд, фаъолият хубу густурда мегардаду чандин нафар соҳиби ҷойи кор мешавад, ки аз ин давлат манфиат мебинад. Фикр мекунам, ки ин масъалаву мушкилро масъулон медонанд, аммо намедонам чаро дар пайи ҳаллашон намешаванд.
Н. АМИНОВ,
ноҳияи Панҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3700