номаҳо
Аз мукофоти амал ғофил машав
Ман дуртар аз масҷиди Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ дидам, ки ҷавоне пири нобиноеро зад. Дар ғазаб шудам. Худро дигар идора карда натавонистам. Рафтаму гиребони он ҷавонро гирифтам ва ду шаппотии обдор ба рӯяш задам. Дар ин ҳол пири нобино ба зорӣ гуфт: «Писарамро назанед. ӯ барои ман азиз аст ва аз гуноҳаш гузаштам». Баъд он мард ҳикоят кард, ки дар ҳамин синну соли фарзандаш падарашро задааст. ӯ аз ин шод буд, ки дар ҳамин дунё сазои амалашро дид.
Пас аз он ки ҳикоят поён ёфт, ба фарзандаш изҳор дошт: «Шукр бикун, ки ту ҳамин ҳолӣ ба подоши бадат сазовор гардидӣ. Агар фарзандат дар пиронсоливу нотавонӣ туро мезад, чӣ мегуфтӣ, чӣ мекардӣ? Албатта, ин рӯзи бадро ба хотир меовардӣ ва эҳсос менамудӣ, ки зарби дасти фарзанд бисёр дардовар аст».
Мақсади ман аз баёни ин ҳақиқат гузоштани эҳтиром ба волидайн, хоса волидайни пиру нотавон мебошад. Ҳар амал дар ҳақиқат подош дорад. Ва шоир барҳақ гуфта, ки:
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Қ. МАҶИД,
шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3605