номаҳо
Чаро аз масъулону мутахассисон гиламанд намешавем?
Мехоҳам шашмақому фалакро биёмӯзам. Аммо китобҳои заруриро, ки кас ба ин мусиқиҳо роҳ биёбад, пайдо карда наметавонам. Ба бархе аз мутахассисон муроҷиат кардам, аммо дарёфтам, ки аз ҷомаи амал пӯшидани орзуям оҷизанд. Ва фаҳмидам, ки мо чунин як қомуси омӯзишӣ надоштаем. Инчунин ҳар нафаре ҳам агар хоҳад соҳаи театр, рассомӣ, синаморо биёмӯзад, китоберо, ки роҳнамо бошад, намеёбад. Чаро? Чунки ин гуна китобҳову қомусҳо то ба ҳол таълиф нагардидаанд.
Бо чунин ҳол гиламанд мешаванд, ки мардум театру рассомиву мусиқиро намефаҳманд ва ба он таваҷҷӯҳи хоса намедиҳанд. Чаро аз масъулону мутахассисон гиламанд намешавем?
Ҷ. АСОЗОДА,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3647