номаҳо
125 - солагии Шӯриши Восеъ ҷашн гирифта шавад
28 январи соли 1988 Ҳукумати вақт дар бораи ҷашнгирии 100-солагии Шӯриши Восеъ қарор ба тасвиб расонд. Ин сана дар сатҳи бисёр баланд таҷлил гардид. Ба ин восита боз бисёр паҳлуҳои норӯшани воқеаи муҳими таърихӣ таҳқиқ гардид, як қатор асарҳои адабиву ҳунарӣ офарида шуданд. Дар зодгоҳи қаҳрамон се нимпайкараи ӯ гузошта шуд, боғ-осорхонаи Шӯриши Восеъ, чойхонаи духтари Восеъ ба номи «Гулизор» бунёд ёфт.
Аз 28 июл то 28 августи ҳамон сол дар ҳайати 10 нафар бо шумули Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов, адиби ҷангноманавис Раҳмон Сафаров «Бо пайроҳаи Восеъ ва Восеътанон» саёҳате ташкил шуд, ки муаллифи ин сатрҳо яке аз онҳо буд.
Соли 2008 ба ин рӯйдоди таърихӣ 120 сол пур шуд. Ба ин хотир 11-уми январи соли 2007 дар гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзнома Фатҳулло Файзуллоев, директори Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб, пешниҳод намуд, ки ин сана таҷлил гардад. Мутаассифона, ин пешниҳоди муфид фаромӯш гардид.
Соли 2013 ба Шӯриши Восеъ 125 сол пур мешавад. Бисёр хуб мебуд, агар масъулон аз ҳозир дар ин бора биандешанд. Таҷлили санаи мазкур дар худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, шинохти таърихи кишвар асари нек мегузорад.
Амирхон Сайидзодаи Мункӣ,
ноҳияи Ховалинг
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3709