энергетика
Зимистон пойтахт чароғон мешавад?
Вазифаи ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» интиқоли барқ аз зеристгоҳҳои калон то зеристгоҳҳои хурд ва таъмини саривақтӣ ва шабонарӯзии идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, иншоотҳо ва аҳолӣ бо нерӯи барқ мебошад.
-Зимистони гузашта барфи зиёд борид ва хеле қаҳратун буд, -гуфт зимни сӯҳбат Нурмаҳмад Холназаров, муовини аввали раиси ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ва афзуд: -Мо натавонистем пойтахтро бо барқи доимӣ таъмин кунем. Дар натиҷа маҳдудияти масрафи нерӯи барқ ҷорӣ шуд. Албатта, ин маҳдудият ба мо вобаста набуд, балки обанборҳо ба камобии зиёд дучор омада буданд.
Мавриди зикр аст, ки ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ба ШСХК «Барқи тоҷик» итоат мекунад ва ин ширкат аст, ки ба зерсохторҳои худ амри таъйини меъёрро медиҳад.
Ҳоло дар пойтахт 28 зеристгоҳ дар тобеияти ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» қарор дорад. Зимистони гузашта як қисми ин зеристгоҳҳо, ба сабаби фарсудагии дастгоҳҳо, аз кор баромада буданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки онҳо мавриди тармими навбатӣ ё бозсозии куллӣ қарор гиранд. Ин амри хайр амалӣ гашт.
Бо дастгирии роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» ба воситаи корхонаи «Маркази таҷдиди кор» трансформаторҳои пуриқтидор аз Туркия ва Украина харидорӣ ва дар зеристгоҳҳои «Ваҳдат», «Спортивная», «Душанбе», «ХБК» ва «Қасри миллат» насб шуданд. Ҳоло тармиму бозсозӣ дар зеристгоҳҳои «Шаҳраки академӣ» ва «Фирдавсӣ» босуръат идома дорад. Дар зеристгоҳҳо навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ шудааст.
-Дастгирии ширкати «Барқи тоҷик» имсол хеле назаррас буд, -таъкид намуд Нурмаҳмад Холназаров. -Имсол пойгоҳи моддию техникии мо бо 7 мошини хидматрасони таъҷилии техникӣ, як крани борбардори 15 –тоннагӣ, як озмоишгоҳи техникии худгард ва як трактор такмил ёфт.
Ба саволи оё имсол дар фасли зимистон дар пойтахт маҳдудияти барқ чун зимистони пешин боқӣ мемонад, муовини аввали раиси ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ҷавоб дод, ки имсол маҳдудияти барқ дар пойтахт бардошта мешавад ва Душанбешаҳр чароғон хоҳад шуд, зеро мувофиқи шартномае, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ба имзо расидааст, аз моҳи ноябр 1200 миллион кВт-соат нерӯи барқ ба ҷумҳурии мо интиқол меёбад ва ширкати «Барқи тоҷик» тасмим дорад, ки пойтахт дар мавсими зимистон пура бо барқ таъмин бошад.
-Маҳдудияти нерӯи барқ аз ноилоҷист. Оби рӯди Вахш, ки тахминан 90 дарсади тавлиди нерӯи барқи ҷумҳурӣ ба он вобаста аст, хеле коҳиш ёфтааст, -гуфт дар поёни сӯҳбат Нурмаҳмад Холназаров. –Аз ин рӯ, аз бошандагони пойтахт хоҳиш мекунем, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд. Итминони комил дорем, ки баъди амалишавии барномаи истиқлоли энергетикии ҷумҳурӣ аз рӯи меъёр додани барқ ба афсона табдил хоҳад ёфт.
Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4994