номаҳо
Чор моҳ гузаштаву хоҳишам иҷро нагаштааст
Ба сабаби маъюбиам наметавонам, ки сафари ҳаҷ намоям ва ин фаризаро ба ҷо биёрам. Аз ин рӯ мақсад гузоштам минбаъд нафақаи ҳармоҳаамро, ки 116 сомонӣ аст, ба хона –интернати маъюбони Чорбоғи ноҳияи Варзоб бибахшам. Ба масъулони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ муроҷиат намудам, то нафақаамро ба он ҷо ирсол намоянд. Мутаассифона, аз байн чор моҳ гузаштаву хоҳишам иҷро нагаштааст. Аз шахсони масъули вазорат ба воситаи ин гӯша хоҳиш менамоям, ки дар иҷрои мақсадам ёрӣ расонанд. Охир мани 86-сола бад-ин маъюбӣ наметавонам боз идора ба идораи онҳо гардаму зорӣ намоям, ки нафақаамро барои маъюбон гузаронед.
Абдулло АЗИМОВ, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, хонаи 86/2, ҳуҷраи 17
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8737