номаҳо
Боз корхонаро шӯҳратманд месозем
Мо, коргарони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сомон Кӯлоб –таҷҳизот» (собиқ Заводи таҷрибавии таҷҳизоти технологии Кӯлоб), тавассути рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, изҳори сипос менамоем. Натиҷаи сиёсати некбинона, оқилона ва дурандешонаи Сардори давлатамон аст, ки сарзамини мо рушд мекунад. Сартосари ҷумҳурӣ пур аз иншооти бузург, сохтмонҳои замонавист.
Корхонаи мо низ дар қатори иншооти бузург аст, ки муддате ба бӯҳрон гирифтор буд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурӣ Ҳукумати кишвар қарор ба тасвиб расонда, ба рушди ояндаи корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла Ширкати «Сомон-Душанбе», ки «Сомон Кӯлоб –таҷҳизот» шомили он аст, замина гузошт. Ҳоло КОЗТО-и собиқ эҳё мегардад.
Дар корхона тағйироти чашмрас ва пешравиҳои ҷиддиро интизорем. Нишондодҳои истеҳсолӣ рӯ ба афзоиш буда, зиндагии коргарон беҳтар гаштааст.
Бовар дорем, ки мо боз шӯҳрати пештараи корхонаро, ки маҳсулоташ ба 80 давлати ҷаҳон интиқол меёфт, ба даст меорем.
Нозими ДАВЛАТ, харроти ҶСК «Сомон Кӯлоб –таҷҳизот»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8684