номаҳо
Аз сафари ҳаҷ розӣ баргаштем
Худованд (ҷ) мефармояд: «Ҳеҷ бандае бо ҳеҷ чизе ба ман наздик нашудааст, ки аз фарзҳо дар назди ман маҳбубтар бошад». Ба ин хотир мо барои иҷрои яке аз фарзҳо, яъне ҳаҷ, ба Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара сафар намудем. Аз ин сафар розӣ ва қаноатманд баргаштем. Чунки тамоми шароитро барои мо фароҳам оварданд, то ҳама рукнҳои ҳаҷро ба ҷо биёрем.
Роҳбалади мо Қамариддин Исломов пайваста ҳамроҳамон буд ва дастуру маслиҳат медод, то маросиму одоби ҳаҷ дар мавқеъ ва замонаш риоя гардад.
Сари вақт бо ҷойи хоби мувофиқ ва хӯроку оби нӯшокӣ таъмин шудем.
Пас аз зиёрати хонаи Худо масъулияти исломиву инсониамон, фикр мекунем, бештар афзуд. Бештар дарёфтем, ки иттиҳоду худшиносӣ бисёр муҳим аст ва барои пешрафту ободонии кишвари азизамон мусоидат мекунанд. Ва дарёфтем, ки танзими расму ойинҳо ва мубориза бар зидди ҳама гуна хурофоту таассуб бисёр зарур мебошад.
Мақсад аз ин нома изҳори сипос ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъулони имсолаи сафари ҳаҷ мебошад. Умед мебандем, ки солҳои оянда дар ин маврид имконоти бештару беҳтар фароҳам оварда мешаванд.
С. АСРОРОВ,
С. РАҶАБОВ,
Х. ЯСАДОВ,
М. СУЛТОНОВ,
А. НУРОВ,
С. ДАВЛАТОВ, ҷамъ 47 имзо, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3676