номаҳо
Сарватҳои таърихии деҳаи Ғелот ниёз ба таҳқиқ ва ҳифз доранд
Дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ 2 қабри ба замони неолит тааллуқдошта бо садҳо олоти сангии ин давра аз тарафи номзади илми таърих Т. Филимонова бозёфт карда шуда, тадқиқ гардидааст.
Бозёфтҳои ба асри биринҷӣ тааллуқдоштаи ин деҳа, ки аз тарафи олимони Русия таҳти роҳбарии доктори илми таърих Н. Виноградова пайдо карда шудаанд, аз ҳар ҷиҳат бозёфтҳои нодиранд. Онҳо таваҷҷӯҳи бостоншиносони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудаанд.
Бори дувум аз теппаи Зулмободи деҳаи Ғелот дар натиҷаи боридани борони сели баҳори соли 2010 аз оббурда ёдгориҳои таърихӣ пайдо гардиданд. Дар ин оббурда то омадани сел қабре вуҷуд дошт. Аз қабр қисмати хурде боқӣ монда буд, ки аз он як табақи сафолӣ ва ҳафт адад пайконтири гуногунҳаҷми аз сангҳои чақмоқ сохташуда пайдо гаштанд.
Инчунин дар ҳамин сол аз оббурдаи дигари теппаи Зулмобод 64 адад мӯҳраи конусшакли калони зумуррадӣ, 1300 мӯҳраи хурди садафӣ ва 140 адад мӯҳраи хурдтарини аз ширеши дарахтон сохта пайдо гардиданд. Ин мӯҳраҳо ба асри биринҷӣ, асрҳои XVII-XV пеш аз милод тааллуқ доранд.
Дар қисмати шимолӣ, минтақае, ки Ғелот бо деҳаи Дарнайчӣ мепайвандад, дар натиҷаи омадани сел қитъае ба масофаи 27 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ ва то чуқурии 5-6 метр шуста бурда шуд. Аз ин оббурда сафолпораҳои зиёде, аз ҷумла як лаълии нимшикастаи поядори сафолӣ ва ду зарфи хурди сафолӣ, ки ба асрҳои XII-X пеш аз милод тааллуқ доранд, пайдо гардиданд.
Дар баҳори соли 2010 аз оббурдаҳо ҳамчунин дутоӣ зарф аз давраҳои Юнону Бохтарӣ, Кушониён, Ҳайтолиён ва ҳаждаҳ осори шикаста ва нимшикастаи давраи Сомониён ва давлатҳои баъдинаи он пайдо карда шуданд.
Мавзеъҳои таърихии ба ин давраҳо тааллуқдоштаро пурра наомӯхтаанд. Агар ҳар сол чунин миқдор ёдгориҳои таърихӣ дар Ғелот аз сабаби омадани сел нобуд гарданд, миқдори бештар аз ин дар натиҷаи кашонидани хоки теппаҳо бо мақсади сохтмони хонаҳои истиқоматӣ нобуд мегарданд. Аз ин рӯ аз масъулони соҳа дархост мекунем, ки ба тақдири ояндаи ёдгориҳои таърихии деҳаи Ғелот ва заминҳои дучори эрозия шудаи он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Сарватҳои бебаҳои миллат ниёз ба ҳифзу омӯзиш доранд.
Миралӣ Кӯганов,
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3661