номаҳо
Бар беморӣ ғолиб меоем
Ман табиб ҳастам. Беш аз бист сол аст, ки бо усули Бутейко, яъне нафасгирии мақсаднок, беморонро табобат мекунам. Бо ин усули табобат дар ҷумҳуриамон танҳо камина ба мадади беморон мерасам. Бо ин усул зиёда аз 150 намуди касалиҳо табобат карда мешаванд.
Чанд рӯз пеш ба воситаи оинаи нилгун вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо варзишгарони номии Тоҷикистон тамошо кардам. Аз тақдири ду карат чемпиони ҷумҳурӣ, туркмандухтар Адолат Хӯҷамқулова хабар ёфтам. Бемории дил доштааст.
Олиҳимматию инсондӯстии Сардори давлатамон дар ҳаққи ин бону маро сахт ба ваҷд овард. Биноан тасмим гирифтам, ки ин бонуи хизматкардаро дар Маркази табобатии «Ҳамдам», ки роҳбараш ҳастам, ройгон табобат намоям. Бо ҷойи хоб ҳам таъмин мекунам.
Ба воситаи гӯшаи «Розу ниёз» ин пешниҳодро ба Адолат Хӯҷамқулова мерасонам. Агар хоҳиш пайдо намояд, бо ҳам тамос мегирем. Ин кори хайр як навъ дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Сардори давлатамон аз ҷониби камина хоҳад буд.
Имонам комил аст, ки мо бо Адолат Хӯҷамқулова бар беморӣ ғолиб меоем.
Нишонии марказ: вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Ғалаба. Телефонҳо: 53603; 927940175
Мирзоқурбон ҲАМДАМОВ,
роҳбари Маркази барқароркунии саломатии «Ҳамдам»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4091