номаҳо
Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қайд карда шавад
Мувофиқи қарори ЮНЕСКО аз соли 1983 дар тамоми ҷаҳон 18 апрелро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эътироф намудаанду қайд мекунанд. Мутаассифона, чанд соли охир дар тақвимҳое, ки дар кишвар ба табъ мерасанд, аз ин рӯз ёдоварӣ наменамоянд. Ин дар суратест, ки мо Конвенсияи ҳифзи ёдгориҳои ЮНЕСКО-ро эътироф намудаем ва ёдгории Саразм ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ин ташкилоти бонуфузи олам шомил гардидааст. Пас зарур аст, ки 18 апрел ҳамчун Рӯзи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар кишвари мо низ расман эътироф, дар тақвим сабт ва ҳамасола қайд карда шавад.
Ҳакимбой ҚУҚАНОВ,
ноҳияи Ғончӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3669