суханрониҳо
Суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011, шаҳри Душанбе, 18 январи соли 2011
Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар соли 2010 бо вуҷуди идома ёфтани таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва офатҳои табиии дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат баамаломада, рушди иқтисоди миллӣ дар маҷмӯъ таъмин карда шуд.
Вобаста ба ин, мехоҳам дар ибтидо ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву ширкатҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар бобати сохтмони саривақтии хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳо ва бо асбобу лавозимоти рӯзгор таъмин кардани онҳо саҳми инсондӯстона гузоштанд, миннатдории самимӣ баён намоям.
Дар соли 2010-ум афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба андозаи 6,5 фоиз ё дар ҳаҷми беш аз 24,7 миллиард сомонӣ таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 2009-ум 18 фоиз ва музди миёнаи воқеӣ қариб 17 фоиз зиёд шуд.
Рушди иқтисодиёт асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (9,7 фоиз), кишоварзӣ (6,8 фоиз), гардиши савдои чакана (9,5 фоиз) ва афзудани хизматрасониҳо (13,1 фоиз) таъмин карда шуд.
Сатҳи таваррум 9,8 фоизро ташкил намуд.
Иҷрои буҷети давлатӣ дар сатҳи 100,3 фоиз таъмин гардида, ба он 6,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2009 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Буҷети ҷумҳуриявӣ бо сабаби иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 4,7 фоиз таъмин нагардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 159 миллион сомонӣ кам мебошад.
Ҳарчанд ки иҷрои буҷети давлатӣ таъмин карда шуд, аммо асосан бо сабаби зикршуда нақшаи даромад аз рӯи чор намуди андоз иҷро нагардид. Дар ин давра бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали сол ба маблағи 72 миллион сомонӣ зиёд гардида, ҳаҷми онҳо ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ ба 688 миллион сомонӣ расид.
Соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 8 миллиарду 292 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2010-ум 27 фоиз зиёд мебошад.
Аз буҷети имсола 32 фоизи маблағҳо барои рушди иқтисоди воқеӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ, аз ҷумла барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард ва нақбҳо равона карда мешавад.
Дар баробари ин, дар буҷет рушди соҳаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчун самти муҳими сиёсати давлат нигоҳ дошта шуда, ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ ва тақвияти сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, беҳдошти тандурустии мардум, тавсеаи хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ диққати махсус дода мешавад.
Ҳаҷми умумии маблағҳои барои соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинишуда нисфи қисми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати молия вазифадор аст, ки бо мақсади таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои беҳтари истеҳсоливу иҷтимоӣ, инчунин иҷрои сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011” маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёти кишварро пурра ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида амалӣ намояд.
Дар баробари ин, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо вазифадоранд, ки оид ба таъмини саривақтии иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолияти худро оид ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар захираҳои молиявии давлатӣ пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати молия якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади пурра таъмин намудани иҷрои буҷети давлатӣ, роҳ надодан ба бақияпулиҳои андоз, ҷалб намудани даромадҳои иловагӣ барои пӯшонидани касри буҷет чораҳои таъхирнопазир андешида, то аввали моҳи марти соли 2011 дар хусуси ба буҷет ворид намудани захираҳои иловагии молиявӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, ба баррасии Комиссияи буҷетии назди Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки то ҳанӯз ҳамоҳангсозии самарабахши байни дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, буҷетиву андозӣ ва пулию қарзӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Илова бар ин, то ба ҳол маълумоти оморӣ доир ба ҳолати воқеии рушди иқтисодии мамлакат моро қаноатманд карда наметавонад. Омилҳои зикргардида ва дигар монеаҳо иҷрои саривақтӣ ва самараноки барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмӯҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро мушкил мегардонанд.
Аз ин рӯ, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки вазъи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро дар асоси равандҳои рушди иқтисоди ҷаҳониву минтақавӣ мунтазам таҳлил намуда, пешниҳодҳои худро доир ба ислоҳи камбудиҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҳар семоҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намояд
Бо мақсади сари вақт ва пурра амалӣ сохтани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2011 Нақшаи чорабиниҳои якҷояро дар доираи изҳороти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои мушаххаси стратегӣ ҷиҳати сафарбар намудани маблағҳои иловагии зарурӣ омода намояд.
Дар баробари ин, раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки барои таъмини рушди минбаъдаи маҳалҳо дар доираи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешанд.
Агентии омор дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти онҳо, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 1 январи соли 2011 пешбурди ҳисоботи омориро аз рӯи таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба роҳ монда, тибқи қонунгузории амалкунанда пурра, сари вақт ва сифатнок ҷамъоварӣ намудани маълумоти омориро таъмин намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет таъмини устувории молиявӣ ва иҷтимоӣ, афзоиши даромади буҷети давлатӣ, муҳайё намудани шароити макроиқтисодӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ислоҳоти бахши андоз ҷиҳати ҳарчи содда намудани низоми андозбандӣ, танзими андозҳои ҷумҳуриявӣ ва пардохтҳои гумрукӣ бояд идома дода шавад. Бо ин мақсад имтиёзҳои мавҷуда бояд мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода шуда, он имтиёзҳое, ки барои рақобати солим байни соҳибкорон монеа эҷод месозанд, аз нав баррасӣ карда шаванд.
Вобаста ба ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади таъмини шаффофияти андозҳо самаранокии имтиёзҳои андозии мавҷударо мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати муносиб намудани онҳо дар давоми се моҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон хулосаҳои асоснок манзур намояд.
Ҳамчунин, ба Вазорати молия зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор Консепсияи сиёсати андози кишварро барои давраи миёнамӯҳлат таҳия карда, инчунин бо мақсади ба андозсупорандагон дастрасу фаҳмотар гардонидани меъёрҳои Кодекси андоз дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз ва сохтору мақомоти дигар доир ба таҳрири нави Кодекс чораҷӯӣ намояд.
Илова бар ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳо санади дахлдорро дар бораи такмили тартиби аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилии онҳоро, ки барои истеҳсол ва коркарди маҳсулот аз ашёи хом то маҳсулоти тайёри саноатӣ нигаронида шудааст, таҳия карда, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Соли сипаришуда бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири равандҳои манфӣ ба сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ, ба эътидол овардани ҳолати тавозуни пардохт ва танзими ҳаҷми пул дар муомилот дар асоси нақшаи тадбирҳои баъдибӯҳронӣ ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ бо сиёсати андозу буҷет такмил дода шуд.
Соли 2010 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба маблағи 5,3 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 25,6 фоиз зиёд мебошад. Дар сохтори ин қарзҳо ҳиссаи қарзҳои дарозмӯҳлат, ки мусоидаткунандаи рушди истеҳсолот мебошанд, дар муқоиса бо соли гузашта 3,6 банди фоизӣ зиёд шудааст.
Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Ҳукумати кишвар таъмини рушди соҳибкории хурду миёна ва хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мебошад. Аз ин рӯ, пайваста зиёд кардани маблағи қарзҳои ба ин мақсад додашуда вазифаи асосии низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 2010 маблағи умумии қарзҳои ба ин мақсад додашуда 1 миллиарду 83 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 34 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари беҳбудии нишондиҳандаҳои дигари низоми бонкӣ, ба монанди зиёд кардани шӯъбаю марказҳои хизматрасонӣ, шумораи мизоҷон, бақияи пасандозҳо ва қарзҳо бояд зикр кард, ки маблағи қарзҳои хурд, хусусан қарзҳои хурди ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон додашуда ҳамагӣ 5,3 фоиз зиёд шудааст, ки ҳоло ҳам басанда нест.
Бинобар ин, ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ тавсия мешавад, ки баробари таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои пулӣ, сатҳи таваррум ва захираҳо барои зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ҷиҳати дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, хусусан қарзҳои хурд барои соҳибкорони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ки яке аз роҳҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад, чораҳои дахлдор андешад.
Инчунин, аз ҷониби Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас оид ба ҷалби воситаҳои озоди пулӣ ва равона кардани онҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва бо ин мақсад таъсису истифодаи бозори байнибонкии асъору захираҳои қарзӣ, ҷоннок намудани фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ зарур шуморида мешавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Қобили зикр аст, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳамории фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ афзуда, дар ин замина ислоҳоти зиёде рӯи кор оварда шуд.
Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки нишондиҳандаҳои маҷмӯии худро беҳтар намуда, ба рӯйхати давлатҳои даҳгонаи ислоҳотгар шомил мегардад.
Бо вуҷуди ин дастовардҳо, дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳамории фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ бояд тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии Президенти мамлакат оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ бояд ҷиҳати давом додани ислоҳот таҳлилҳоро идома бахшида, ба баррасии Шӯрои машваратӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур созанд.
Дар соли 2010 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи қариб 2 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ, аз ҷумла 32 фоиз фондҳои таъиноти истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 2,3 баробар зиёд аст.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин соли гузашта ҷиҳати маблағгузории 27 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ созишномаҳои навро ба имзо расонид, ки маблағи умумии онҳо 2,5 миллиард сомонӣ буда, қариб 1 миллиард сомонии онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.
Дар соли 2010 дар доираи татбиқи лоиҳаҳои муштарак 1 миллиарду 328 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Вале, вобаста ба ин, бояд гуфт, ки азхудкунии саривақтии маблағҳои ҷудошуда, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва сифатнок анҷом додани корҳо, идоракунии самараноки татбиқи лоиҳаҳо, инчунин пешниҳод намудани маълумоти дақиқ ва ҳисоботи пурра аз ҷониби баъзе марказҳои татбиқи лоиҳаҳо таъмин карда намешавад.
Ташвишовар аст, ки санҷишҳои Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳо як қатор камбудиву норасоиҳо ва зарари молиявиро ошкор намудааст.
Бо дарназардошти чунин вазъ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вазифадор карда мешаванд, ки шаффофияти гузаронидани озмунҳо, бо сифати баланд анҷом додани корҳо ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз худ кардани маблағҳоро таъмин намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳо ва барқарор сохтани зарари молиявӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ташкил кардани корхонаҳои муштарак яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти расмӣ аз соли 2003 то соли 2010 дар мамлакат 1068 корхонаи дорои сармояи хориҷӣ ба қайд ва аз нав ба қайд гирифта шудааст, вале тибқи маълумоти Агентии омор дар соли 2010 танҳо 172 корхона оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод кардааст, яъне аксари корхонаҳои мазкур оид ба фаъолияташон ҳисобот пешниҳод накардаанд ё умуман фаъолият надоранд.
Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки дар сурати дар мӯҳлати муқарраршуда ба фаъолият шурӯъ накардани шахсони ҳуқуқии дорои сармоягузории хориҷӣ нисбат ба онҳо расмиёти муқаррарнамудаи қонунгузориро истифода намоянд.
Ҳамчунин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо Агентии омор ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ намудани усули таҳияи ҳисоботи пурраи оморӣ оид ба воридоти сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии азхудкунии маблағҳои асосии ҷудошаванда ва иҷрои босифати корҳо чораҳои муассир андешанд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Соли гузашта корхонаҳои саноатӣ ба маблағи қариб 8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин дар муқоиса бо соли 2009-ум 9,7 фоиз зиёд мебошад.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи соҳаҳои саноат таъмин гашта, танҳо дар Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии Тоҷик” коҳиш ёфтааст.
Имрӯз дар кишвар заминаи зарурӣ барои рушди ҳамаи соҳаҳои саноат фароҳам оварда шуда, ҷиҳати пешрафти минбаъдаи онҳо барномаҳои зиёди соҳавӣ қабул карда шудаанд.
Андешидани чораҳои зарурӣ доир ба татбиқи барномаҳои мазкур ва лоиҳаҳои инфраструктурӣ имконият фароҳам оварданд, ки дар кишвар корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ ба кор андохта шаванд. Дар натиҷа аз ҳисоби 94 корхонаи нави саноатӣ ва ба кор андохтани корхонаҳое, ки муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, қариб 4 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд. Инчунин лозим ба ёдоварист, ки дар давоми ду соли охир раванди коҳишёбии ҳиссаи бахши воқеӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боздошта шуд.
Бо мақсади тақвият бахшидан ба ин раванд Вазорати энергетика ва саноатро зарур аст, ки доир ба зиёд намудани коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ (алюминии аввалия, пахта, пашм, пӯст ва пилла) тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро бо истифода аз технологияҳои муосир дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин амалӣ намояд.
Дар баробари ин, таъкид бояд сохт, ки ҳарчанд истеҳсоли молу маҳсулот дар аксари бахшҳои саноатӣ афзуда бошад ҳам, вале дар муқоиса бо талабот ба маҳсулоти ниҳоии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ қонеъкунанда нест.
Ғайр аз ин, норасоии воситаҳои гардон ва дастрасии маҳдуди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ба раванди амалӣ сохтани барномаҳои соҳавӣ монеаҳо ба вуҷуд меорад ва захираву имкониятҳои мавҷуда ба таври кофӣ истифода карда намешаванд.
Инчунин, боиси нигаронист, ки дар соли сипаришуда дар 231 корхонаи саноатӣ нисбат ба соли пешин суръати афзоиш таъмин нагардида, 74 корхона умуман фаъолият накардааст. Имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин асос тараққӣ додани соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ пурра истифода нашудаанд.
Масъалаҳои модернизатсияи корхонаҳои кӯҳнаву фарсуда дар асоси ҷалби сармоягузориҳо ва ҷорӣ намудани технологияи муосир ҳалли худро наёфта истодаанд.
Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Вазорати энергетика ва саноат зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба ҳалли проблемаҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешад ва дар давоми соли 2011 оид ба таъсиси корхонаҳои нав, ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, бештар ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассирро амалӣ созад.
Дар Паёми соли 2010-уми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи энергетика ва тадбирҳои дар ин самт андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муфассал изҳори назар шуда буд. Тамоми иқдомоти то имрӯз амалигардида баёнгари онанд, ки тараққӣ додани соҳаи гидроэнергетика ҳамчун омили пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлати мо мебошад. Зеро мо танҳо ба ҳамин васила метавонем эҳтиёҷоти мамлакатро дар солҳои наздик бо нерӯи барқ таъмин намоем ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин созем.
Ҳоло дар соҳаи энергетика бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ 13 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 3 миллиарду 720 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва саноат зарур аст, ки якҷо бо Ширкати “Барқи Тоҷик”, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, кам кардани талафоти қувваи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани шабакаҳо ва таҷҳизоти барқӣ, ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо барқ, хусусан дар фасли зимистон, инчунин воридоти таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ тадбирҳои амалӣ андешад.
Пӯшида нест, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз истифодаи самараноки захираҳои бойи табиӣ ва дар ин замина бо истифодаи васеъ аз ашёи хоми маҳаллӣ вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад. Истифодаи қаъри замин ва саноати маъдан соҳаҳое ҳастанд, ки метавонанд дар муддати кӯтоҳтарин ҳаҷми зиёди сармояи мустақими хориҷиро ҷалб намуда, ҷиҳати таъмини рушди сифатан нав ва диверсификатсияи бахши воқеии иқтисодиёти кишвар, баланд гардидани рақобатнокӣ ва иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд гардидани даромаднокии буҷет мусоидат намоянд.
Лекин бо вуҷуди дастовардҳои муайян соҳаи истифодаи қаъри замин бо сабаби дастрасии маҳдуди маълумоти геологӣ ва шаффоф набудани тартиби додани иҷозатномаҳо то ба ҳол ба омили пешбарандаи иқтисодиёт мубаддал нагаштааст.
Рушди соҳаи зикршуда ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва танзими фаъолиятро дар ин самт тақозо дорад, зеро қонунгузории амалкунандаи кишвар ба талаботи муосир пурра ҷавоб дода наметавонад ва бояд бо дарназардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои давлат дар соҳаи истифодабарии қаъри замин такмил дода шавад.
Ислоҳоти соҳаи истифодаи қаъри замин бояд барои таъсиси низоми нави идоракунии соҳа, ки дар он салоҳият ва вазифаҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор муайян гардидааст, шаффофу устувор ба роҳ мондани муносибати байни давлат ва истифодабарандагони қаъри замин, соддагардонии дастрасӣ ба захираҳои қаъри замин ва дар айни замон, таҳкими нақш ва фаъолияти давлат дар ин соҳа ҳамчун соҳибмулки ин захираҳо заминаи мустаҳкам гузорад.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмилалӣ Барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин, инчунин дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Саридораи геология хулосаҳои асоснокшударо оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи истифодабарии қаъри замин таҳия намуда, ба баррасии Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар соли 2010 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 9,4 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2009-ум 6,8 фоиз зиёд мебошад.
Соли гузашта бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷет тавассути бонкҳо маблағҳои зиёд ҷудо гардид, ки бо истифодаи онҳо барои рушди тамоми соҳаҳои кишоварзӣ як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуданд.
Дар се соли охир дар кишвар зиёда аз 50 корхонаи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шудааст, ки иқтидори истеҳсолии соҳаҳои коркардро якчанд маротиба афзун менамоянд. Тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ то андозае натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.
Чорабиниҳои вобаста ба рушди саноати хӯрокворӣ асосан аз ҳисоби имкониятҳои соҳибкорон бо ҷалби сармояи маҳаллӣ татбиқ шуда истодаанд. Бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, борқуттиҳои маҳсулоти гуногуни истеҳсолшудаи ватанӣ, хатҳои нави технологии истеҳсоли шарбати меваю сабзавот васл карда шуда, ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуданд. Бо қуввааи мутахассисони ватанӣ хатҳои технологии хушк кардани меваю сабзавот ва коргоҳҳои коркарди он ба роҳ монда шудааст.
Яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ - беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ, ташкили истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои мавҷуда, аз худ намудани заминҳои нав ва дар асоси барномаҳои соҳавӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин коркарди ҳарчи бештари он ва дар ниҳояти кор, зиёд гардонидани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Вале, мутаассифона, бо вуҷуди чораҳои аз ҷониби мақомоти дахлдор андешидашуда дар аксари шаҳру ноҳияҳо истифодаи замин ба мақсадҳои ғайрикишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои обӣ, инчунин лалмӣ ва чарогоҳҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Торафт зиёд шудани майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад проблемаи дигари ташвишовари соҳаи кишоварзӣ аст, ки сабаби асосии чунин вазъ ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ мебошад. Дар соли 2010 дар кишвар зиёда аз 19 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Ба ғайр аз ин, дар мамлакат солҳои охир 32 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 24 ҳазор гектар заминҳои обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти зикршудаи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди устувори он дар соли 2011-ум Вазорати кишоварзӣ вазифадор аст, ки якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ то ба эътидол овардани кори шабакаҳои обёрӣ ва иншооти гидротехникӣ дар заминҳои холимонда ташхис гузаронида, барои кишти намудҳои мувофиқи зироати кишоварзӣ тавсияҳо пешниҳод намояд.
Барои аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ва соҳибкорон барқарор намудани анборҳои меванигоҳдорӣ, сардхонаҳои захиравӣ ва сохтмони биноҳои нав барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар давоми сол бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва содироти он, инчунин барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои қабули маҳсулот дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи “Тоҷикматлубот” чораҳои амалӣ андешад.
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба таҳияи механизми пардохти саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ ва нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешида, барномаи муфассали барқарорсозии шабакаҳои обёрии кишварро барои солҳои минбаъда таҳия намояд.
Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар соли равон ва солҳои оянда чораҳои муассир андешанд.
Дар ду соли охир қариб 20 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ ба замини маҳалҳои аҳолинишин (қитъаҳои наздиҳавлигӣ) гузаронида шудаанд. (Ин миқдор замин имкон медиҳад, ки зиёда аз 200 ҳазор оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин ва бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ҳал карда шаванд. 200 ҳазор оила x 6,5 нафарӣ – 1 миллиону 300 ҳазор нафар). Ин иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини эҳтиёҷмандони сершумори кишвар қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо манзили истиқоматӣ, инчунин тараққӣ додани хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардум амалӣ гардида истодааст.
Ҷиҳати шаффоф ва одилона тақсим намудани заминҳои мазкур бори дигар таъкид менамоям, ки Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Агентии сохтмон ва меъморӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар асоси қонуну қарорҳои амалкунанда ва бо иштироки фаъолонаи комиссияҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, аз натиҷааш мунтазам ба Ҳукумати Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
Умуман, тибқи маълумоти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар давоми бист сол қариб 120 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст, ки эҳтиёҷи зиёда аз 1 миллион оила бо қитъаи наздиҳавлигӣ қонеъ гардонида шуд. Чунонки аз маълумоти пешниҳодкардаи Агентии сохтмон ва меъморӣ бармеояд, дар ин давра дар кишвар қариб 10 миллион метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки агар масоҳати ҳар хонаро 80-метрӣ ҳисоб кунем, наздик ба 130 ҳазор оила соҳиби манзили нав шудааст. Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки ба истифодадиҳии манзили истиқоматӣ аз ҳисоби сармоягузорони давлатӣ танҳо дар соли 2010 нисбат ба соли 2000-ум 25 баробар афзудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади ҳалли яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани мамлакат мо сохтмони шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзиро босуръат идома дода истодаем.
Имрӯзҳо ҷиҳати сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва нақбу пулҳо 11 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 3 миллиарду 765 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар ин самт ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия зарур аст, ки бо ҷалби тамоми захираву имкониятҳо чораҳои иловагӣ андешад ва истифодаи самарабахшу мақсадноки маблағҳоро таъмин созад.
Ҳамзамон бо ин, масъалаи дар сатҳи хуб нигоҳ доштани роҳҳои мошингард набояд аз мадди назар дур бошад. Дар баробари ин, зарур аст, ки инфраструктураи нақлиёт навсозӣ карда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад.
Сатҳи хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан низ бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонида шуда, вазъи бору мусофиркашонӣ беҳтар ва тарифҳои онҳо воқеӣ карда шаванд.
Аз ин рӯ, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа, гузаронидани корҳои сохтмонии банақшагирифташуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ низ бояд такони ҷиддӣ бахшида шавад. Барои ба вуҷуд овардани рақобати солим дар соҳаи мазкур ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ, таъмини амният ва паст гардонидани арзиши хизматрасонӣ бояд тамоми шароит фароҳам оварда шуда, инфраструктураи фурудгоҳҳо ва соҳаи авиатсияро ба талаботи иқтисоди миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудан лозим аст.
Илова бар ин, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия зарур аст, ки ба корҳо дар самти хизматрасонии алоқаи барқӣ, интернет ва дигар намудҳои хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ дар заминаи баанҷомрасонии корҳои ташкиливу сохтмон тибқи чорабиниҳои тасдиқгардида суръат бахшад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар чанд соли охир қариб нисфи буҷети давлатӣ мунтазам барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон бо роҳи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат бо дарназардошти муқаррар намудани ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Дар соли ҳисоботӣ низ сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия бо Фармони дахлдори Президенти кишвар баланд бардошта шуд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи маориф мақоми афзалиятнок дорад. Дар натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат солҳои охир маблағгузории ин соҳа мунтазам афзоиш меёбад.
Соли 2010 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмону азнавсозии 220 мактаб анҷом ёфта, 40 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Ҳамчунин ёдовар бояд шуд, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникиву технологӣ «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шудани соли 2010 такони ҷиддӣ бахшид.
Бо мақсади ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони дорои донишу малакаи замонавӣ, муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти рушди тарбияи томактабӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти умумӣ, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо технологияи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини муассисаҳои таълимию илмӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ хеле корҳои судманд анҷом дода шуданд.
Лекин бо вуҷуди афзоиши дастгирии давлатӣ ва хусусии соҳаи маориф дар масъалаи сатҳи таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон, таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва кадрҳои хуби омӯзгорӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб зиёданд.
Масъалаи баъди хатми мактаби олӣ ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон низ ташвишовар аст. Синфҳои компютерӣ то ба ҳол ба мутахассисони соҳибтаҷриба ниёз доранд.
Омӯзиши забонҳо, алалхусус забонҳои англисӣ ва русӣ суст ба роҳ монда шудааст. Ҳол он ки дар 6-7 соли охир борҳо дар назди масъулини соҳаи маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ доир ба ин масъала вазифаҳои мушаххас гузошта будем.
Рушди муассисаҳои томактабӣ ҳамчун яке аз зинаҳои муҳимтарини тарбияи кӯдакон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошад, ки бояд дар маркази диққати Вазорати маориф, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.
Барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чанде пештар лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ҳадафи асосӣ аз ин иқдом тарбияи насли солиму тарбиядида ва ба воя расонидани кадрҳое мебошад, ки ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо гузошта хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, ба тамоми раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба таври васеъ таъмин намуда, ҳамзамон бо ин, риояи ҳатмии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Фарҳанг яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа буда, дар фаъолият ва зиндагии ҳаррӯзаи ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ нақши бағоят муҳим дорад. Хусусан дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи бисёр муассир ва созанда мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ҳоло зиёда аз ду ҳазор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад.
Бинобар ин, Вазорати фарҳанг ва ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлату Ҳукумат, инчунин бо истифода аз маблағҳои озод ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону шахсони баландҳиммат дар самти таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ва дигар иншооти фарҳангӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии фарҳангии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Соли гузашта бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустии кишвар як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ» ҷонибдорӣ карда шуд. Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» тасдиқ гардид.
Бо мақсади танзими хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Қарори Ҳукумат аз 12 феврали соли 2010 Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар 8 шаҳру ноҳияҳои кишвар давом дода шуда, васеъ намудани он дар соли 2011 дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.
Бо вуҷуди беҳбудии шароити муассисаҳои тиббӣ сифати хизматрасонии тиббӣ, пешбурди корҳои тарғиботӣ, аз ҷумла аз тариқи воситаҳои ахбори умум оид ба пешгирии бемориҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин рушди тибби баландпояи хусусӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз сабаби ҷой доштани монеаҳои маъмурӣ ва дастгирии номукаммали мақомоти давлатӣ таъсиси муассисаҳои ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар сатҳи паст қарор дорад, ҳол он ки онҳо метавонанд як қисми хизматрасонии тиббиро ба дӯши худ гиранд.
Нишондоди фавти кӯдакон дар солҳои охир тамоюли пастравӣ дошта бошад ҳам, ин масъала ҳамчун яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз ба ҳисоб меравад. То ҳол бақайдгирии фавти кӯдакон дар як қатор шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи паст қарор дорад.
Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва махсусан баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии онҳо чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати иҷрои босифати «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» чораҳои иловагӣ андешад.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ барои бекорон самти дигари сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар ин масъала мо то ба имрӯз ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаем, вале ин ҳанӯз кам аст. Тайи панҷ соли охир дар кишвар беш аз 400 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Танҳо соли гузашта 130 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, ки раванди афзоиши бекорӣ бо таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ то ҳадде кам гардид.
Барои таъмини теъдоди ҳарчи бештари корҷӯён бо ҷойи кор Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилоту корхонаҳо ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ташкил намудани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ, таъсиси курсҳои тайёрӣ ва бозомӯзии касбро мунтазам зиёд намоянд.
Ғайр аз ин, тамоми вазорату идораҳо, щиркату корхонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ба масъалаи ташкили ҷойҳои корӣ ҳамчун масъалаи муҳимтарини давлатӣ муносибат карда, дар ин самт ҳамаи чораҳои имконпазирро андешанд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумат масъалаи ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати онҳо мақоми махсус дорад. Ба туфайли ғамхории бевоситаи Ҳукумати кишвар низоми хоси дар дохил ва хориҷ ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон ташкил ёфтааст.
Ҳар сол аз ҳисоби фонди Президенти мамлакат, инчунин тавассути стипендияҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил фиристода мешаванд. Мо ин корро минбаъд низ идома медиҳем. Вале мехоҳам таъкид намоям, ки ҳангоми интихоб ва ба хориҷа фиристодани ҷавонон бояд ихтисосҳое ба назар гирифта шаванд, ки кишвари мо ба онҳо эҳтиёҷ дорад.
Ғайр аз ин, ҷавононе, ки таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ тибқи квота хатм карда, ба Ватан бармегарданд, бояд бо ҷои кор таъмин карда шаванд.
Дар ин масъала пеш аз ҳама, бояд дар назар дошт, ки ҷавонони мо бар асари таҳаввулоти азими иқтисодӣ ва иттилоотиву фарҳангии глобалӣ аз лиҳози ҷаҳонбинӣ, рӯҳия ва фарҳанги рӯзгор бо суръати тез дигар шуда истодаанд ва ин падида ҳангоми таҳияи барномаи нави давлатӣ оид ба ҷавонон бояд ба эътибор гирифта шавад.
Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ, тарғиби онҳо ба илму касбомӯзӣ, тарзи ҳаёти солим вазифаи ҷонии на танҳо падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа мебошад.
Чунонки чанде пештар дар мулоқот бо варзишгарон хотирнишон намудам, яке аз роҳҳои муҳимтарини тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмониву маънавии онҳо рушди варзиш ва фароҳам овардани шароити зарурӣ, яъне бунёди варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳо мебошад.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо хотиррасон месозам, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои баъди мулоқоти мазкур қабулшударо бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.
Яке аз ҳадафҳои асосии давлат дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилаҳои камбизоат мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир сол ба сол хусусияти иҷтимоии буҷет тақвият ёфта, маблағгузории он муттасил меафзояд. Соли ҷорӣ ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии бошандагони хона - интернатҳои маъюбону ятимон ва пиронсолони бесаробонмонда дар буҷети давлатӣ 13 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ба ҳар як нафар дар як сол 8600 сомонӣ ва дар як моҳ 715 сомонӣ рост меояд.
Ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбону ятимон, пиронсолони бесаробон ва оилаҳои камбизоат дар оянда низ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.
Дар баробари ин, ташкилоту муассисаҳо, ширкату корхонаҳо, хусусан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ вазифадоранд, ки ба онҳо доим кӯмаки моддӣ расонанд ва дар ҳалли мушкилоташон ҳамеша мусоидат намоянд.
Вобаста ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳими дигарро хотирнишон созам. Вақтҳои охир ба шарофати ширкату корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи саховатпешаву хайрхоҳ ба таври дастаҷамъона гузаронидани хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат ва тӯйҳои арӯсӣ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Танҳо дар соли 2010 хатнасури зиёда аз 10 ҳазор нафар фарзандони чунин оилаҳо баргузор шудааст. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки чунин иқдоми хайру савобро анҷом додаанд, самимона изҳори сипос намуда, дигаронро низ даъват месозам, ки ин расми хуб ва кори хайрро идома диҳанд.
Ҳоло мехоҳам доир ба вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва масъалаи вобаста ба фаъолияти сохтору мақомоти дахлдор мухтасар ибрози андеша намоям.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2010 дар мамлакат сатҳи ҷинояткорӣ, махсусан содиршавии ҷиноятҳои вазнин, аз қабили амалҳои террористӣ, куштор, таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, ғоратгарӣ зиёд шудааст. Содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ҳоло ҳам ташвишовар аст.
Ҷиноятҳои террористӣ дар ҳама давру замонҳо ба муқобили давлату давлатдорӣ равона шуда, барои ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос ва нобоварӣ дар ҷомеа, ноором намудани суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва халалдор сохтани обрӯю эътибори мақомоти давлатӣ содир карда мешаванд.
Бинобар ин, вазифаи таъхирнопазири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он иборат аст, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ташкилотчӣ, иҷрокунанда, маблағгузор, пуштибон ва фармоишгари ин амалҳои террористиро ошкор намуда, ҷиҳати дастгир ва ба ҷазои сазовори қонунӣ кашидани шахсони гунаҳкор чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хавфноки муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, одамкушӣ, қаллобӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва хариду фурӯши одамон фаъолияти худро пурзӯр намуда, ҷиҳати муқовимат бо ҳама гуна хатарҳои муосир дар ҳолати омодагии доимӣ қарор дошта бошанд ва ба масъалаи таъмини волоияти қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсии худ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Прокуратураи генералиро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти назорати иҷрои қонунҳо ҷоннок намояд. Аз ҷумла, қонуншиканиҳо вобаста ба истифодаи замин дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳанӯз ҳам зиёд мушоҳида мегарданд ва танзими ин масъала бояд яке аз самтҳои афзалиятноки назорати прокурорӣ бошад.
Дар фаъолияти судҳои мамлакат то ба имрӯз ҳолатҳои кашол додани баррасии парвандаҳо ва қабули қарорҳои ғайриқонунӣ ҷой доранд. Шумораи арзу шикояти мардум доир ба фаъолияти ин шохаи ҳокимияти давлатӣ сол ба сол меафзояд.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мақомоти судии кишвар фаъолияти худро ҷиҳати ислоҳи чунин камбудиҳо пурзӯр намуда, дар айни замон барои татбиқи чораҳои пешбининамудаи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 тасдиқ шудааст, тадбирҳои муассир андешанд.
Илова бар ин, роҳбарони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, прокуратура, судҳо, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки риояи ҳатмии интизоми иҷроия, истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ, иҷрои талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро дар масъалаи роҳ надодан ба қабули хешовандони наздик ба кори таҳти итоати бевоситаи онҳо, истифодаи манзилҳои зисти хизматӣ тибқи қонун, инчунин қабули шаҳрвандон ва андешидани чораҳо доир ба арзу шикоятҳои онҳо ба таври қатъӣ таъмин намоянд.
Фаромӯш набояд кард, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз ба мову шумо бо эътимод ва умедҳои нек менигаранд ва интизоранд, ки мо ҳарчи зудтар мушкилоти дар назди давлати соҳибистиқлоламон мавҷударо бартараф карда, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро таҳким бахшем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити заруриро фароҳам меорем.
Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки соли ҷорӣ мо 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил хоҳем кард ва то ин санаи бузурги миллиамон бояд корҳои зиёдро ба анҷом расонем.
Чунонки дар паёми табрикии худ ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат карда, махсус таъкид намудам, аз оғози соли нави 2011-ум тамоми кору фаъолияти ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва ҳар як иқдоми бунёдкоронаи халқи Тоҷикистон ба номи бистумин солгарди Истиқлолияти давлатиамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва шукуфоии сарзамини куҳанбунёдамон анҷом дода хоҳад шуд.
Дар хотир бояд дошт, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хона, кӯчаву хиёбон ва маҳалли аҳолинишин оғоз мегардад.
Шубҳае нест, ки мардуми фарҳангиву куҳанбунёди мо дар арафаи ҷашни муқаддаси 20-солагии Истиқлолият саъю кӯшиши худро барои ободу шукуфо гардонидани тамоми гӯшаҳои сарзамини аҷдодиамон сафарбар мекунанд.
Ман ба ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамон, ки дар байни онҳо соҳибкорони баландҳиммат низ кам нестанд, муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки ба ин кори хайри умумихалқӣ, яъне дар соли ҷашни бузурги миллиамон боз ҳам ободу зеботар гардонидани Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон шарик шуда, саҳми инсониву фарзандии худро гузоранд.
Дар доираи ин ҳадаф ҳар яки мо бояд бо дарки баланди масъулият дар назди халқ ва давлати худ вазифаи ба зиммадоштаамонро содиқона ва бо дасту дили пок иҷро намуда, маҳорату малакаи худро сарфи корҳои созандагиву ободкорӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми кишварамон намоем.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзумандам.
Саломат бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3442