номаҳо
Ба тақдир тан диҳем?
Рамазон омаду нархи маҳсулот боло рафт. Ҷойи таассуф аст, ки ин ҳолат чандин сол боз ба мушоҳида мерасад. Изтиробу додхоҳии мардум ҳеҷ нафъ намебахшад. Қиёсҳои амали тоҷирону савдогарони мо бо амали тоҷирону савдогарони дигар динҳо ва таъкид намуданҳо, ҳушдор доданҳо ба ҳован об кӯфтан шудааст. Дар миёни ин мардум, ки беинсофона нархро ба боло бурдаанд, ҳоҷиён низ ҳастанд. Аҷаб ин ки онҳо бисёр хуб медонанд, ки дар мамлакатҳои исломӣ ба хотири моҳи шарифи рамазон нархи маҳсулотро поён мефароранд. Дар ин ҳол, албатта, «ҳазор ханда кунад куфр бар мусулмонии мо». Ман ба амали онҳо дар ин чанд сол одат кардаам ва медонам, ки боз дар моҳи рамазони дигар нархҳоро аз ин ҳам бештар ба боло мебаранд. Ба тақдир тан диҳем?
Н. АБДУЛЛО, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8385