logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар заминаи сохторҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, кор бо муҳоҷирони Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  ва оид ба муҳоҷирати меҳнатии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад;
-ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳоро оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, бакортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд;
-дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд, сохторҳо ё атташеҳо оид ба муҳоҷират, ки ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати функсионалӣ тобеъ ва ҳисобдиҳанда мебошанд, таъсис диҳад;
-Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мӯҳлати ду моҳ таҳия ва тасдиқ намояд;
-масъалаҳои ташкилию молиявиро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, ҳал намояд;
-оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба ҳамин Фармон мутобиқ намояд.
2) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
-сархати якуми банди 3 хориҷ карда шавад;
-ба банди 5 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони зикргардида тасдиқ низ шудааст, сархати ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон"

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 январи соли  2011,  № 1014


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2600
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед