номаҳо
Беморӣ коҳиш меёфт, агар…
Хоҷагиҳои Хоҷасартез ва Синои ноҳияи Восеъ, ки ҳамшафатанд, бо теъдоди зиёди гирифторони бемории сил дар байни шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷойи аввалро ишғол карда буданд ва ҳоло ҳам чунин аст. Дар ин хусус борҳо бонги изтироб заданд ва, албатта, то ҷойе масъулон пайи пешгириву табобат чораҳои зарурӣ андешиданд.
Маълум аст, ки сил бемории иҷтимоӣ мебошад. Барои сироят накардани он сатҳи зиндагиро бояд беҳтар намуд. Вобаста ба ин агар гази Хоҷасартезро, ки дар ин хоҷагӣ ҷой дорад, ба хонаҳои сокинони ин ду хоҷагӣ мегузарониданд, беморӣ ба маротиб коҳиш меёфт. Чандин сол боз масъулон дар ҷавоб ба муроҷиати сокинон посух медиҳанд, ки имконияти гузаронидани он вуҷуд надорад. Ҳол он ки тавонистанд ин газро ба шаҳри Кӯлоб интиқол бидиҳанд.
Фикр мекунам, ки ҳамаи сокинони хоҷагиҳои мазкур дар амалӣ шудани ин мақсад саҳми худро мегузоранд. Фақат лозим аст, ки масъулон бо ғамхорӣ сари масъалаи ҷойдошта бияндешанд.
Ҳ. САФАР, хоҷагии Хоҷасартези ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8117