номаҳо
Замини мо хок мехоҳад
Обхезии соли гузашта ба мардуми деҳаи мо зарари зиёд овард. Дар давоми 12 рӯз 27 гектарро шуста бурд. Шояд ин миқдори замин бисёр кам намояд, аммо барои деҳаи кӯҳистони мо он хеле зиёд аст. Ҳаштод дарсади даромади зиндагии аҳли деҳи мо аз ҳисоби ҳамин заминҳо буд. Мардум бо дидану эҳсоси ин даҳшат ноилоҷ картошка, гандум ва дигар зироатҳои норасидаро ҷамъоварӣ кард.
Агар пеши роҳи об баста шаваду заминҳо бо хок таъмин гарданд, боз мисли пештара мардум зироат мекоранду ҳосил мегиранд ва сатҳи зиндагӣ боло меравад. Аммо то ҳол дар ин бора тадбирҳои зарурӣ наандешидаанд. Зарур шуморидем, ки ба гӯшаи "Розу ниёз" нома ирсол намоем. Шояд дар болотар масъулон барои рафъи ин мушкилот чорае меандешанд?
Ватандор ШЕРОВ,
деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3783